ПАЙВАНДГАРИ МИНТАҚАВУ ҚАЛБҲО

28 май 2025, Чоршанбе
21
Хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдоду ҳодисаҳо, дастовард ва арзёбиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар
ИШТИРОКИ БОР ДАР ТАҶДИДИ 90 ДАРСАДИ РОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН
«Бонки осиёии рушд (БОР )сохтмон ва таҷдиди 90 дарсади инфрасохтори роҳро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст».
Дар ин бора директори генералии БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков дар доираи ҷаласаи 58-уми солонаи Шурои идоракунандагони бонк, ки дар шаҳри Милан (Итолиё) баргузор шуд, изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон шарики деринаи БОР аст. Дар ин муддат Бонк ба кишвар тақрибан 2,7 миллиард доллари ИМА, асосан ба бахши давлатӣ, сармоягузорӣ кардааст.
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ҶАЛБИ ЗАНОН БА БАХШИ НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР БОХТАР
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон конфронси «Нақш ва фаъолияти занон дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ: мушкилот, имкониятҳо ва ташаббусҳо» баргузор шуд. Ҳамоиш дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон» ташкил ва ба вазъи занон дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ бахшида шуд.
Мақсади асосии конфронс рушд ва васеъ кардани имкониятҳои баробар барои занон дар идоракунии бахшҳои гуногуни соҳаи нақлиёт буд. Дар доираи лоиҳа, инчунин, занон дастгирӣ меёбанд ва метавонанд категорияи ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро ба даст оварда, ҳамчун ронандаи автобус кор кунанд.
АСФАЛТПӮШ ШУДАНИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЧИМТЕППА-ШАРОРА-ДАРОМАДГОҲИ ШАҲРИ ҲИСОР
«Корҳо оид ба таъмири асосии роҳи автомобилгард дар доираи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешаванд», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти МИМҲД-и шаҳри Ҳисор.
Таъмири ин қитъаи роҳ, ки пас аз таваққуфи муваққатӣ дар моҳи феврал, бо сабаби шароити номусоиди обу ҳаво тул кашид, аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисор ва бо иштироки сармоягузории хусусӣ анҷом дода мешавад. Дар ҷараёни корҳо мустаҳкам кардани роҳ, навсозии системаи дренажӣ, ҳамвор кардани сатҳ ва гузоштани якчанд қабати асфалти баландсифат ба нақша гирифта шудааст.
ТАЪМИРИ 12 КИЛОМЕТР РОҲ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Дар ноҳия корҳои таъмири асосии 12 километр роҳи автомобилгард, ки аз Ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиев мегузарад, оғоз ёфт.
Ташаббус бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва иштироки фаъолонаи аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
ТАҶДИДИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЗАРАФШОН – ИСКАНДАРКӮЛ
Корҳо оид ба таҷдиди роҳи мазкур дар ноҳияи Айнӣ идома доранд. Таъмири роҳ аҳамияти стратегӣ дорад, зеро он дастрасии қулайро ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон – Искандаркӯл таъмин менамояд.
Роҳи автомобилгарди 33-километра имкон медиҳад, ки километри 104-уми роҳи автомобилгарди байналмилалии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бо деҳаи Саратоғ пайванд гардад.
Шуъбаи иттилоот
Санаи нашр: 27.05.2025 №: 105