«ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ЧИН». БАРДОШТ АЗ ҶАЛАСАИ ДУЮМИ РОҲБАРОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУК

28 май 2025, Чоршанбе
8
Дар шаҳри Алмаато ҷаласаи дуюми роҳбарони Хадамоти гумрукии формати «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид, ташаббускори он Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон буд. Ин чорабинӣ як рӯйдоди муҳим дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи гумрукӣ миёни кишварҳои минтақа дониста шуд.
Дар кори ҷаласа роҳбарони Хадамоти гумруки шаш кишвар - Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд. Раисии ҷаласаро Ҷандос Ҷумабекович Дуисембиев, раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон, бар уҳда дошт.
Дар ҷаласа сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ширкат дошт ва дар суханронии худ ӯ зикр кард, ки фаъолгардонии ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрук ба манфиати кишварҳои минтақа мебошад.
Иштирокчиён доир ба масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои гумрукӣ мубодилаи афкор намуданд. Тамаркузи махсус ба рақамисозӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи гумрук равона шуд. Кишварҳо таҷриба ва дастовардҳои худро дар соҳаи автоматикунонии равандҳои гумрукӣ муаррифӣ намуданд.
Бештари муҳокимарониҳо ба такмили идоракунии нуқтаҳои гузаргоҳ ва оптимизатсияи тартиботи назорати сарҳадӣ бахшида шуданд ва ширкаткунандагон ҷанбаҳои амаливу ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти гумрукро дар сарҳадҳои муштарак, инчунин, баланд бардоштани қобилияти гузариши нуқтаҳои назоратиро баррасӣ намуданд.
Бахше аз он ба масъалаҳои рушди захираҳои инсонӣ марбут буд ва, ҳамзамон, барномаҳои мубодилаи таҷриба, баланд бардоштани тахассуси кормандони гумрук ва ташкили ташаббусҳои муштараки таълимӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷаласа, инчунин, лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки барои имзо дар доираи Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Чин» омода мешаванд, баррасӣ шуданд, ки аҳамияти стратегии ҳамкории гумрукиро дар минтақа таъкид мекунанд.
Натиҷаи кори самарабахш имзои се ҳуҷҷати калидӣ гардид, ки мувофиқаҳои бадастомадаро тасдиқ намуд:
Протоколи ҷаласаи дуюми роҳбарони Хадамоти гумрукии формати «Осиёи Марказӣ – Чин» – ҳуҷҷати асосиест, ки натиҷаҳои ҷаласа ва нақшаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро сабт менамояд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории техникии соҳаи санҷиши ғайриинтрузивӣ ва шиносоии зеҳнии тасвирҳо – созишнома оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи назорат ва истифодаи муштараки системаҳои инноватсионии назорати гумрукӣ.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии хатари гумрукӣ – ҳуҷҷате, ки принсипҳои ҳамоҳангсозӣ ва мубодилаи иттилоотро барои баланд бардоштани самаранокии системаи идоракунии хатарҳо муайян мекунад.
Ҷаласаи дуюми роҳбарони Хадамоти гумрукии формати «Осиёи Марказӣ – Чин» сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва омодагиро барои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ нишон дод. Мувофиқатҳои бадастомада заминаи боэътимод барои ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳои иштирокдор мегарданд.
Ширкаткунандагон ташаббуси баргузории ҷаласаи сеюмро дастгирӣ намуданд ва бояд гуфт, ки он ба омодагии умумӣ ҷиҳати институтсионализатсияи формати мазкур ва рушди минбаъда ба суди ҳамаи ҷонибҳо мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.05.2025 №: 105