ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ
Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши ҳамкории байнипарламентии ду давлатро баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ муколамаҳои сиёсӣ, табодули таҷриба, сафарҳои мунтазами намояндагони воломақоми парламентҳои ҳар ду кишвар, ки дар ҷараёни онҳо масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуда, бар пояи усулҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикӣ асос ёфтаанд, муҳим арзёбӣ гардиданд.
Гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон
Бо ташаббуси ҷониби Покистон гуфтугӯи телефонии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Cарвазир – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳоқ Дор баргузор шуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Доир ба омодагӣ ба чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олии байни ду кишвар диққати махсус дода шуд. Вазирон, инчунин, оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нав бо намояндагони ширкатҳои пешрафта дар соҳаи зеҳни сунъӣ
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо ҳайатҳои ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ – «Presight»-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва «Scale AI»-и ИМА мулоқоти корӣ анҷом дод.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омода намудани мутахассисон, омӯзиш ва ҳамкории тадқиқотӣ зоҳир шуд.
ДУШАНБЕ. Баргузории ҳамоиши байналмилалӣ таҳти сарпарастии СҲИ
Дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷаласаи 2-юми машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия + Чин» доир гашт.
Хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа намояндагони кишварҳои узви Созмон – Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Туркия иштирок намуданд.
Ҷаласа ба мавзуи рушд ва пешбурди долони байналмилалии транзитии номбаршуда бо мақсади зиёд кардани боркашонӣ ва содагардонии расмиёти савдо бахшида шуд.
Машваратҳои консулии Тоҷикистону Қирғизистон
27-уми май дар шаҳри Душанбе машваратҳои консулӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардиданд.
«Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, тартиби рафтуомад ва будубоши шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами консулӣ баррасӣ шуданд», – омадааст дар хабари интишорнамудаи хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар он намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) иштирок намуданд. Онҳо таъкид доштанд, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иқдоми бузурге дар ҳифзи онҳо хоҳад гашт, зеро яке аз ҳадафҳои Конфронс таҳияи асноди стратегӣ, харитаи роҳ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо мебошад.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Санаи нашр: 28.05.2025 №: 106
