ДЕВАШТИЧ. 35-СОЛАГИИ ҶАШНИ МИЛЛӢ МОНДАГОР ХОҲАД БУД
Бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст.
Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Деваштич Ганҷина Нуруллозода, ба истиқболи Ҷашни миллӣ дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳия корхонаи истеҳсоли қолинҳои дастӣ бо номи «Субҳия» ифтитоҳ гардид. Ин корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Пиримқул Сатторқулов ва бо ҳамкории соҳибкорони тоҷик ва ӯзбек таъсис ёфта, 30 бонуро бо ҷойи кор таъмин намудааст. Дар корхона 11 дастгоҳи қолинбофӣ насб шуда, маҳсулоти он ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мегардад .
Дар деҳоти Яхтани ноҳия бошад, сохтмони фермаи парандапарварӣ барои 20 ҳазор сар ва фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хонагӣ идома дорад. Ин лоиҳаҳо бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ шуда, пас аз анҷомёбӣ 50 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд кард.
Дар семоҳаи аввали соли 2025 бо дастгирии ташкилоти ғайриҳукуматии «Садоқат» ва маблағгузории ҷомеаи байналмилалӣ, дар деҳаи Ғазантарак ду синфхонаи иловагӣ барои МТМУ №51 сохта шуд. Инчунин, дар беморхонаи марказии ноҳия чор палатаи кӯдакона ва қисман шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ таъмир гардиданд.
Дар раванди таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар Деваштич баҳри иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида шуда, дар самти саноатикунонии босуръати кишвар аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мебаранд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.05.2025 №: 106
