ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН". БА ОН ТАҒЙИРОТ ВОРИД МЕШАВАД

"КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН". БА ОН ТАҒЙИРОТ ВОРИД МЕШАВАД

25 апрел 2023, Сешанбе
378
0

Бар асари таъсири одамон ба табиат бисёре аз зотҳои ҳайвонот ва навъи рустаниҳо дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошта, азхудкунии заминҳо бо мақсади корҳои кишоварзӣ, васеъшавии қаламрави чарогоҳҳо, шикори ғайриқонунӣ, тибби мардумӣ аз қабили омилҳоеанд, ки сабаби камшавии ҳайвоноту наботот мегарданд. Бинобар ин, олимони тоҷик тасмим гирифтаанд, ки нашри сеюми “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро барои чоп омода созанд. Соли равон  таҳияи нашри нав шуруъ шуд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар  нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ба далели аз байн рафтани баъзе намудҳои ҳайвонот ва баръакс, афзоиши теъдоди дигар, зарурати аз нав нашр кардани “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” пеш омадааст.
"Баъзе ҳайвонот пурра нест шуданд. Мо ният дорем, ки онҳоро аз Китоб хориҷ кунем. Саршумори баъзе дигар, баръакс, афзуд. Онҳоро низ хориҷ карданием", – изҳор дошт Б. Шерализода.
Дар бораи нашри сеюми китоб оид ба ҳайвоноти нодири Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта маълум шуд. Ин масъала дар мизи корӣ бо иштироки олимон ва мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳо ва намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута баррасӣ гардид. Тасмим гирифтанд, ки ба корҳои омӯзишу таҳияи нашри нави “Китоби сурхи Тоҷикистон” дар аввали соли 2023 оғоз бахшида, онро то охири сол ба охир расонанд. "Ҳоло таҳқиқот идома дошта, экспедитсияҳо гузаронда мешаванд. Масоили рушди ҳайвоноту наботот мавриди омӯзиш қарор гирифта, маводи илмӣ коркард мешавад", – гуфтанд,  дар Академияи миллии илмҳо.
Аввалин “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 1988 нашр шуда, дар он 162 намуди ҳавонот ва 226 навъи рустаниҳо зикр шудаанд. Соли 2015 нашри дуюми китоб ба чоп расида, он 267 навъи рустаниҳо ва 222 навъи ҳайвонотро дар бар гирифт.
Чанд сол пеш ба “Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ду намуд паранда: яке кабки тибетӣ ва дигаре кабки ҳимолойӣ ворид шуданд. Ин ду кабк ҳам аз ҷиҳати ҷусса ва ҳам ранг аз дигар намудҳо комилан фарқ мекунанд, аз ин рӯ ба "Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон" дохил шуданд. 
Тибқи маълумоти охирин, дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот ва ҳудуди 5 ҳазор навъи наботот мавҷуд мебошад, ки макони зист ва нашъунамои 80 дарсади онҳо дар минтақаи кӯҳистон аст. 

Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив