Зимбабве таҷрибаи Тоҷикистонро истифода менамояд
«Таҷрибаи Тоҷикистон дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои Зимбабве намунаи омӯзиш ва татбиқ мебошад». Ин нуктаро вазири энергетика ва рушди неруи Ҷумҳурии Зимбабве Ҷулай Мойо дар мулоқот бо вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа иброз намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои зерсохтории энергетикӣ баён намуданд.
Таъсиси Маркази фановарии Эрону Тоҷикистон
«Дар шаҳри Душанбе Маркази фановарии Эрону Тоҷикистон таъсис дода мешавад», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар хабар омадааст, ки Эрон яке аз кишварҳои рушдёфта дар соҳаи фановарӣ буда, бо Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия ҳамкории зич ва назаррас дорад.
Интизор меравад, ки таъсиси Маркази фановарии Эрону Тоҷикистон барои боз ҳам густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар соҳаи фановарӣ мусоидат менамояд.
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми панҷуми марказҳои таҳлилӣ
3-юми июн дар шаҳри Остона Форуми панҷуми марказҳои таҳлилӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – Чин: уфуқҳои нави шарикии минтақавӣ» баргузор шуд, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайридин Усмонзода иштирок намуд.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар додааст, ки дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тақвияти муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории судманди иқтисодӣ, тамоюли навтарин дар соҳаи технология, аз ҷумла қарорҳои рақамӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Чин, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф
3-юми июн дар шаҳри Париж ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) оғоз гашт.
Аз Вазорати маориф ва илм ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки дар рӯзи аввал иштирокдорон доир ба масъалаҳои арзёбии натиҷаҳои татбиқи модели нави фаъолият (GPE-2025), пешниҳоди роҳҳои содасозии равандҳои ҳамкорӣ, баррасии механизмҳои маблағгузории муосир ва самаранок мубодилаи афкор намуданд.
Дурахши занони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии «KIWIE-2025»
Ҳафтаи охири моҳи май дар шаҳри Сеул (Корея) Намоишгоҳи байналмилалии «KIWIE-2025» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок доштанд.
Маркази миллии патенту иттилоот хабар медиҳад, ки дар Намоишгоҳ 445 ихтирои занҳои ихтироъкор аз 15 давлати ҷаҳон пешниҳод шуд.
Аз ҷумҳурии мо 10 ихтироъкор ширкат варзида, 3 нафар ба таври ҳузурӣ ва 7 нафар ба таври видеоӣ маҳсули худро муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбаст, занон-ихтироъкорони тоҷик соҳиби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН