ЮНУС ТОИРОВ. ДУРАХШИ НАВРАСИ ТОҶИК ДАР РОССИЯ
Юнус Тоиров, навраси тоҷики муқими шаҳри Қазони Федератсияи Россия, дар Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҷавонони эҷодкор "Гурӯҳи ситораҳо"-и ин кишвар сазовори ҷойи дуюм гардид.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз Юнус дар чорабиниҳо ва фестивалҳои сатҳи гуногун баромад намуда, борҳо мақомҳои ифтихориро соҳиб шудааст.
Тавре таъкид мешавад, ин навраси умедбахши тоҷик дар филмҳои кӯдакона ва дигар жанрҳои синамо низ ҳунарнамоӣ менамояд.
БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР АВСТРИЯ
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Австрия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даъват намудааст. Дар ин хусус, «Ховар» бо истинод аз Сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар додааст.
Дар Озмун ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи мамлакат умр ба сар мебаранд, ҳамчунин тоҷикони бурунмарзӣ (қатъи назар аз шаҳрванди кадом давлат будан) метавонанд иштирок намоянд. Дар иртибот ба ин, Озмун бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ баргузор мешавад.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.06.2025 №: 112
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН