Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҳиндустон
6-уми июн дар шаҳри Деҳлии Нав дар ҳошияи муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди доир гардид.
Ҷонибҳо имкони мубодилаи афкорро дар доираи муносибатҳои деринаи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки муколама ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ мусоидат намуда, барои рушди ҳамгироии минтақавӣ ва истифодаи захираҳои бузурги табиӣ ва инсонӣ заминаҳои нав фароҳам меоварад.
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророни генералӣ
7-уми июн дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор, Конфронси Ассотсиатсияи байналмилалии прокуророни генералӣ баргузор шуд. Дар он қатори намояндагони зиёда аз 40 давлати дунё муовини якуми Прокурори генералӣ Умед Каримзода низ ширкат дошт.
Дар Конфронс масъалаҳои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо ба муқобили инсон, ҷиноятҳои харидуфурӯши маводи мухаддир, терроризм ва ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳошияи Конфронс намояндагони Тоҷикистон бо Прокурори генералии Муғулистон вохӯрда, зимни он масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тақвияти ҳамкорӣ байни ниҳодҳо, матраҳ гардиданд.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиа
Дар маҷлисгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиа оид ба натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ барои ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ доир гашт.
Дар ҷаласа масъулони Ситоди генералӣ ва раёсатҳои дахлдори он даъвати баҳории соли 2025-умро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъватро аз дарки баланди масъулият ва иҷрои вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ арзёбӣ карданд.
Ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таъкид шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ роҳандозӣ шаванд.
Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири фавқулода ва мухтори Арманистон дар Тоҷикистон Армен Гевондян вохӯрд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва зарурати тақвияти талошҳои муштарак ҷиҳати истифодаи иқтидори транзитии ду кишвар ва беҳтаршавии нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистону Арманистон гуфтугӯ карданд. Аз ҷумла, тадбирҳои минбаъда оид ба муайян сохтани хатсайрҳои нави мутақобилан судманд ва долонҳои мултимодалии нақлиётӣ баррасӣ шуданд.
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН