КОНИБОДОМ. ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ РОҲИ ПЕШРАФТРО ҲАМВОР МЕКУНАД
Дар шаҳри Конибодом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як ҳамоиши муҳим баргузор гардид, ки пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта аз мавзуъҳои меҳварии он буд.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фирӯза Шерматова дар ҳузури ҷавонон ва фаъолони шаҳр бобати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, оқибатҳои нангини шомилшавӣ ба ҷараёнҳои номатлубу гурӯҳҳои ифротгаро ҳарф зад.
Сардори шуъбаи шаҳрии раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сайдалӣ Дӯстов аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон, татбиқи ҳамаҷонибаи қонунгузорӣ дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ибрози назар намуд. Номбурда вижагиҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро шарҳ дода, дар робита вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир шаҳрвандонро ба ҳушёрии сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ даъват намуд.
Зикр шуд, ки пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро танҳо илм, дониш, маърифату тафаккури солим гирифта метавонад ва ҳамкории ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад ба коҳиши хатари ифротгароӣ ва таҳкими суботу оромӣ мусоидат намояд.
Дар анҷоми мулоқот аз ҳозирон даъват ба амал оварда шуд, ки шаҳрвандон набояд дар ҳеҷ маврид зиракии сиёсиро аз даст диҳанд, балки эҳсоси ватандӯстии худро тақвият дода, ба тарғиботи бепояи ифротгароён дода нашаванд. Ҳангоми дучор шудан бо шахсони шубҳанок ва ё маводи дорои мазмуни ифротидошта, ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2025 №: 114
