Баргузории муколамаи навбатии “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”
Дар шаҳри Деҳлии Нав нишасти 4-уми вазирони корҳои хориҷии муколамаи “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” баргузор гардид.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар масъалаҳои марбут ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамкориҳои мутақобила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, соҳаҳои саёҳат, маориф, тандурустӣ, рақамикунонӣ, фарҳанг, саноат, омода кардани мутахассисон ибрози ақида намуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани механизмҳои мавҷуда даъват ба амал овард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ додааст.
Мулоқоти вазири адлия бо ҳайати Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Чин
Вазири адлия Музаффар Ашуриён ҳайати Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои ҳуқуқӣ, ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони Вазорат, омода намудани мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлия муҳокима карда шуд.
Тавсеаи робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Теҳрон
Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо муовини раиси шаҳри Теҳрон Муҳаммадамин Таваккулзода вохӯрд.
Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар додааст, ки зимни вохӯрӣ масоили тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд байни шаҳрҳои Душанбе ва Теҳрон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар бахшҳои фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш зоҳир шуд.
Экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025»
Дар шаҳри Москва экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» оғоз гардид.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки ҳадафи он шиносоӣ бо имконот ва зарфияти сайёҳии минтақаҳо мебошад.
«Дар ин экспедитсия, пеш аз ҳама, ҷолиби диққат он аст, ки иштирокчиён бо таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои гуногуни Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шинос мешаванд», – гуфт сафири Тоҷикистон зимни суханронии хеш.
Ёдовар мешавем, ки экспедитсия аз Россия оғоз гардида, бо тариқи 25 нақлиёт аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гузашта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.
Баррасии лоиҳаи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2026-2030
Дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2026-2030 баргузор гашт.
Таъкид шуд, ки Барномаи қаблӣ натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, як силсила иқдомҳои муваффақро дар самти дарёфти наврасону ҷавонони болаёқат, ташкили марказҳои рушди истеъдодҳо, гузарондани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштироки ҷавонони лаёқатманд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ амалӣ намуда, то охири сол натиҷагирӣ мегардад.
Бо назардошти таҷрибаи Барномаи амалкунанда, ниёзҳои нави ҷомеа ва талаботи бозори меҳнат, лоиҳаи Барномаи нави солҳои 2026-2030 таҳия гардида, дар он як қатор навгониҳои муҳиму мақсаднок ба назар гирифта шудаанд.
Санаи нашр: 10.06.2025 №: 114
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН