КОНИБОДОМ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим арзёбӣ гардида, дар тамоми кишвар гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Дар ин раванд, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар арафаи Иди Қурбон ба як қатор кӯдакони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Дар маросими супурдани ин кумак раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода иштирок намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар масъалаи дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, барои беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
Зимни суҳбат бо волидони кӯдакон раиси шаҳр иброз дошт, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягон нафари шумо фаромӯш намешавед ва зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар қарор доред. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону саховатмандон, вакилони мардумӣ, ходимони дин ва роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо пайваста аз аҳволи ятимон, маъюбон ва шахсони ниёзманд бохабар гардида, ба онҳо мунтазам дасти ёрӣ дароз менамоянд.
Дар навбати худ, волидону наздикони кӯдакони имконияташон маҳдуд барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти олии кишвар изҳори миннатдорӣ ва шукргузорӣ баён карда, чунин ташаббусҳоро нишонаи амиқи инсондӯстӣ ва ваҳдати иҷтимоӣ арзёбӣ намуданд.
Саъдулло МАХКАМОВ, рӯзноманигор
СИРК ДАР МЕҲМОНИИ КӮДАКОН
Дар оғози таътили тобистона ҷиҳати дилхушию болидахотирии бошандагони Хонаи кӯдакони №1 барои ятимону бепарасторони шаҳри Душанбе, аз ҷониби Бахтиёр Раҳматуллозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, барномаи ҳунарии сиркӣ манзур карда шуд.
Кӯдакон аз тамошои барнома шоду масрур гардида, як ҷаҳон лаззати маънавӣ бардоштанд. Дастархони идона низ барояшон фароҳам гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ низ ширкат ва суханронӣ намуд.
Дар муассиса беш аз 60 кӯдак ба тарбияи мураббияҳои соҳибихтисосу соҳибтаҷриба фаро гирифта шудаанд.
З. САФАРЗОДА, рӯзноманигор
Санаи нашр: 11.06.2025 №: 115
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН