СУҒД. ГУЗОРИШ АЗ БУРДУ БОХТИ ИСТИРОҲАТГОҲҲОИ КӮДАКОН

13 июн 2025, Ҷумъа
33
Дар вилояти Суғд имкониятҳои гуногуни фароғатӣ барои кӯдакон ва наврасон, ҷойҳои истироҳатӣ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ зиёд буда, бо барномаҳои таълимӣ ва фаъолиятҳои гуногун ба кӯдакон омӯзиши ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва илмҳои табииро пешниҳод мекунанд.
Истироҳатгоҳҳо метавонанд имкони хуб барои рушди ҷаҳонбинии кӯдакон бошанд. Дар вилояти Суғд омодагии истироҳатгоҳҳо ба қабули кӯдакон дар кадом сатҳ аст, то кӯдакон дар муҳити бехатар ва фароғатӣ вақт гузаронанд ва таҷрибаҳои нав ба даст оранд? Ба посухи ин суол муовини раиси шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Толибҷон Оқилов чунин гуфт: “Дар вилоят 21 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ мавҷуд аст, ки соли ҷорӣ танҳо 11 истироҳатгоҳ фаъолият мекунад. Истироҳатгоҳҳои "Шоҳин", “Суғд”, “Чиларча” ба қабули истироҳаткунандагон омодаанд. Фаъолияти ин истироҳатгоҳҳо аз санаи 10-уми июн оғоз гардид.
Ӯ афзуд, ки дар асоси фармоиши раиси шурои иттифоқҳои касабаи вилоят гурӯҳи корӣ оид ба санҷиши рафти омодагии истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ таъсис дода шуда, онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.
Дар истироҳатгоҳҳои “Гагарин”-и раёсати маорифи шаҳри Исфара, “Парасту”-и шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом, “Сиёвуш”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, "Чашма"-и шуъбаи маорифи ноҳияи Зафаробод, “Чашма”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич, истироҳатгоҳи “Бободархон”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт ва истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони "20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон" омодагиҳо ба қабули кӯдакон идома доранд. Басти аввали кори ин истироҳатгоҳҳо баъди 20-уми июн оғоз мегардад.
Бино ба гуфти Толибҷон Оқилов, 10 истироҳатгоҳ дар вилояти Суғд аз сабаби ба таъмир ниёз доштан фаъолият намебаранд. Масалан, истироҳатгоҳҳои “Парвоз”-и шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, “Вохӯрӣ”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Уқобак”-и шуъбаи маорифи шаҳри Истиқлол, “Офтобак”-и “Корхонаи кимиёвӣ”-и шаҳри Исфара, “Оташак”-и ҶСК “Ангишт”-и шаҳри Исфара, “Уқобча”-и шаҳри Исфара дар мавсими соли 2025 фаъолият намебаранд, зеро ба таъмири куллӣ ниёз доранд.
Воқеан, агар ин даҳ истироҳатгоҳ ҳам фаъолияти бонизоми хешро ба роҳ монда метавонистанд, теъдоди бештари кӯдакон имкони истироҳату фароғатро пайдо мекарданд.
Соли ҷорӣ дар вилояти Суғд фаъолияти 11 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 741 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 103 истироҳатгоҳи истироҳатӣ-меҳнатӣ, 102 истироҳатгоҳи варзишӣ-беҳдоштӣ ба нақша гирифта шуда, 70 000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳат ҷалб хоҳанд шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОҒОЗ ШУД
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баргузории даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гашт.
Аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, ки аъзои Комиссия замон ва макони баргузории Озмунро муайян намуданд: аз 10-уми июн то 5-уми июл.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, ки Озмун бо мақсади кашфи истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннуми дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.
Хуршед Низом, сардори раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанг, гуфт, ки дар даври якум 6192 довталаб маҳорат санҷид ва 2676 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифт.
Сарпарасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, соли 2025 барои корҳои ташкилӣ ва ҷоизаҳо 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
ХАДАМОТИ ГУМРУК. БАРДОШТ АЗ ВОХӮРӢ БО КОРШИНОСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҷамъбастӣ бо иштироки Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини якуми сардори Хадамоти гумрук ва Ричард Чопра, коршиноси байналмилалӣ оид ба масъалаи Институти танзимгари ваколатдори иқтисодӣ баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи Созишномаи Созмони ҷаҳонии Савдо роҷеъ ба содагардонии расмиёти савдо, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2020, №1678 ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ворид гардида, боби нав 81 оид ба ҷорӣ намудани консепсияи «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» (Иштирокчии боэътимоди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ) илова гардидааст.
Боби мазкур мафҳуми "Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ", шартҳои додани мақоми "Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ" ба шахси ҳуқуқӣ, дохил намудани он ба Феҳрист, додани шаҳодатнома, бозхондани он, содагардонии махсуси ба "Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ" пешниҳодшаванда ва дигар масъалаҳои марбут ба танзимгари ваколатдори иқтисодиро дар бар мегирад.
Мутобиқи меъёри мазкур дар ҷумҳурӣ гурӯҳи шахсони ҳуқуқии ватанӣ ташкил мешавад, ки тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, расмиёти содагардондашудаи махсуси барасмият-дарории гумрукиро истифода мебаранд ва ба “рӯйхати сафед” ворид карда мешаванд. Иштирокдорони боэътимоди бозор, ки мақоми “Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ”-ро мегиранд, дар рафти барасмиятдарории гумрукӣ аз содагардонии махсуси зерин бархӯрдор мегарданд.
Дар навбати аввал анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт; гузарондани назорати гумрукӣ дар шакли азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи гумрукӣ; нигаҳдории муваққатии мол дар биноҳо, майдончаҳои кушода ва дигар ҳудудҳои худ; иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ; анҷом додани амалиёти гумрукӣ марбут ба иҷозати мол дар биноҳо, майдончаҳои кушода ва дигар ҳудудҳои худ; пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ ва ҳангоми иҷозати моле, ки нисбати он дорандаи мақом ҳамчун декларант баромад мекунад.
Дар вохӯрӣ роҳҳои ҷалби иштирокчиёни ФИХ ба Институти мазкур, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин самт ва тавсияи созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Боиси зикр аст, ки 21-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ ба имзо расид.
Ҳамзамон, омодагии мақомоти гумрук ҷиҳати бастани чунин шартномаҳо бо дигар кишварҳо тазаккур гардид.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.06.2025 №: 116