Шиносоии муовини Сарвазир бо вазъи муассисаҳои таҳсилотии ноҳияи Рашт

13 июн 2025, Ҷумъа
19
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари хеш ба ноҳияи Рашт бо вазъи як қатор муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии ноҳия шинос шуд.
Тибқи иттилои хабарнигори минтақавии мо Худойдоди Зайниддин, Сулаймон Зиёзода бо вазъи МТМУ №65-и деҳаи Ҳазорчашма ва МТИ №108-и деҳаи Қалъаи деҳоти Ҳиҷборак, МТИ №103-и деҳаи Сафедтундаки деҳоти Аскалон шинос гардид.
Муовини Сарвазир, зимни шиносоӣ ва суҳбат бо омӯзгорон, масъулони мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони сохторҳои марбута, таъкид намуд, ки фароҳамсозии шароити мусоиди таҳсил барои ҳар кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО
11-уми июн дар шаҳри Париж мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле доир гашт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни мулоқот сатҳу муҳтавои муносибатҳои фарогири Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла илму маориф, ҳифзи мероси фарҳангӣ, илмҳои табиӣ ва масъалаҳои об, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрии вазири меҳнат бо директори минтақавии Созмони байналмилалии меҳнат
11-уми июн вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии меҳнат дар Женева қарор дорад, бо директори минтақавии Созмони байналмилалии меҳнат барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Беате Андреас вохӯрд.
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки зимни вохӯрӣ мусоҳибон аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, натиҷаҳои татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020-2024-ро муҳокима намуданд.
Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар самти сармоягузорӣ
10-уми июн дар доираи Форуми IV байналмилалии сармоягузории Тошканд, вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо вазири давлатии савдои хориҷии Қатар Аҳмад бин Муҳаммад Ас-Сайид баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ ба «энергияи сабз»-ро баррасӣ намуданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ҳамраиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Корея
10-уми июн сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Корея Салоҳиддин Киром бо аъзои Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Корея, ҳамраиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Корея Ҷун Ҳюнг Ким мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни мулоқот мавзуъҳои таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарламентӣ, ки ҷузъи муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея ба ҳисоб мераванд, баррасӣ гардиданд.
Форуми байналмилалии «Имкониятҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» дар Душанбе
12-уми июн дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии «Суғд-2025» дар шаҳри Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор шуд.
Дар Форум зиёда аз 500 меҳмон беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок доранд. Хадамоти матбуоти МИМҲД вилояти Суғд иттилоъ додааст, ки Форум барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун замина мегузорад.
Дар Форум баргузории машваратҳо, муаррифии лоиҳаҳо, намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, вохӯриҳои дуҷониба байни соҳибкорон ва имзои санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
Санаи нашр: 13.06.2025 №: 117