Манзури рӯзномаи яхшиносӣ дар чорабинии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон
Дар шаҳри Париж бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи байниҳукуматии гидрологии ЮНЕСКО ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ, солҳои 2025-2034» баргузор гардид.
Зимни суханронии худ вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29-ум то 31-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, маълумот дод.
Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.
Баррасии масъалаҳои муҳими стратегӣ дар ЮНИСЕФ
Дар қароргоҳи СММ (шаҳри Ню-Йорк) ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) доир гашт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни ҷаласаи Шурои иҷроия масъалаҳои муҳими стратегӣ, барномавӣ ва назоратӣ матраҳ гардиданд. Аз ҷумла, ҳисоботи солонаи мудири иҷроия барои соли 2024, лоиҳаи Нақшаи стратегӣ барои солҳои 2026-2029, гузоришҳо оид ба амалиёти башардӯстона, нақшаи амал оид ба гендер, ҳисоботи воҳидҳои мустақили назоратӣ ва идоракунии хавфҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН
Самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуданд
Директори Маркази миллии патенту иттилоот Мирзо Исмоилзода бо комиссари раёсати миллии моликияти зеҳнии Чин Шен Ченю мулоқот намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти баргузории чорабиниҳо, таҳкими табодули таҷриба дар соҳаи технологияҳои нав, аз қабили зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисон, тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ, рақамикунонии соҳа, мавриди муҳокима қарор доданд.
Мулоқоти Ашрафҷон Гулов бо раиси Шурои идории Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангии АМА
Дар шаҳри Абу-Забӣ мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо раиси Шурои идории Институти байналмилалии дипломатияи фарҳангии АМА Муҳаммад Комил ал-Муайнӣ доир гашт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Институтро дар самти бозомӯзии кормандони хизмати дипломатӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо зарурати ташкили курсҳо барои намояндагони мақомоти давлатӣ, баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро таъкид сохтанд.
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи панаврупоии СҶТ
Дар Исландия нахустин ҷаласаи Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба иқлим ва тандурустӣ баргузор шуд, ки намояндаи ҷумҳурии мо низ дар он иштирок намуд.
Маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар медиҳад, ки дар ҷаласа мавзуъҳо вобаста ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ, зарурати таҳкими сиёсати солимии ҷамъиятӣ дар шароити ноустувори иқлим, нақши илм дар ташаккули сиёсат, адолати иқлимӣ ва тандурустии баробар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Санаи нашр: 16.06.2025 №: 118
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН