ҶУДО

20 июн 2025, Ҷумъа
23
Чемпионати ҷаҳон-2025: Темур Раҳимов низ медали биринҷӣ гирифт
Зӯрозмоиҳои инфиродии Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар Будапешти Венгрия, ки 13-уми июн оғоз шуда буд, 19-уми июн ба анҷом расид. Дар рӯзи охир паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов миёни сангинвазнҳо (+100 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.
Темур, ки дар даври аввал озод буд, дар ду давр бар варзишгарони Ҷумҳурии Корея Сеунгеёб Ли, Австрия Мовли Борчашвили, дар чорякфинал бар намояндаи Муғулистон Гончигсурен Батхуяг пирӯз, дар нимфинал аз Инал Тасоев (IJF) мағлуб гашт. Темур, сипас дар мубориза барои медали биринҷӣ муқобили паҳлавони озарӣ Ушанги Кокаури дастболо шуд.
Ин сеюм медали тими ҷудои кишвар дар Чемпионати имсолаи ҷаҳон буд. Дар вазни -66 кг Эмомалӣ Нуралӣ медали нуқра, Обид Ҷебов медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҷопон бо 14 медал (6 тилло, 4 нуқра, 4 биринҷӣ) дар мақоми аввал ҷой гирифт. IJF бо 3 тилло ва 2 биринҷӣ дар ҷойи дуюм, Италия бо 2 медали тилло дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтанд. Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ миёни 93 кишвар ҷойи 7-умро сазовор шуд.
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо имрӯз – 20-уми июн – бо зӯрозмоиҳои даставӣ ба анҷом мерасад.
ФУТБОЛ
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) – барандаи медали биринҷии Чемпионати CAFA-2025
Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонони то 20-сола дар Тоҷикистон ба анҷом расид.
Дастаи ҷавонони кишвар (U-18) дар ин мусобиқа се бозӣ анҷом дод. Футболбозони ҷавони мо дар марҳалаи гурӯҳӣ бар Афғонистон (2:0) пирӯз шуда, бо Қирғизистон мусовӣ (1:1) бозӣ карданд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм мунтахаби Тоҷикистон бар тими Ӯзбекистон (вақти асосӣ – 1:1, пеналти – 4:2) ғалаба карда, барандаи медали биринҷӣ шуд.
Тими ҷавонони Эрон, ки дар финал дастаи Қирғизистонро мағлуб намуд (2:0), ғолиби мусобиқа шуд. Дар бозӣ барои ҷойи 5-ум Туркманистон бар Афғонистон бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.
Пирӯзии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бар Ҳиндустон
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики яке аз ду бозии дӯстонаи худро дар моҳи июн баргузор кард.
Ҳарифи дастаи мо тими олимпии Ҳиндустон буд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон поён ёфт. Голҳои дастаи моро Ансор Ҳабибов, Муҳаммадиқбол Давлатов ва Муҳаммадалӣ Азизбоев заданд.
Дастаи олимпии Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ 24-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2025 №: 121