ҚУБОДИЁН. ТАҚВИЯТИ ТАВАҶҶУҲ БА КИШОВАРЗӢ ҲАМЧУН СОҲАИ ИҚТИСОДСОЗ

20 июн 2025, Ҷумъа
21
Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани замин, ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, гузарондани коркарди кимиёӣ бар зидди ҳашароти зараррасон ва рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Қубодиён сафари корӣ анҷом дод.
Дар Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Орзу” дар самти пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ аз наздик шинос шуд. Соли равон саҳмдорони хоҷагӣ дар майдони 5 гектар кишти зери плёнка гузаронда, дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ дар коркард ва парвариши он ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Нашъунамои пахта дар хоҷагии мазкур баръало мушоҳида гардида, дар ҳар як ниҳоли пахта, аллакай, аз 10 то 12 кӯрак ба назар мерасад. Хоҷагидорон интизори онро доранд, ки имсол аз майдони ҳар як гектар то 50 сентнер ҳосил ба даст биёранд. Ин усули кор аз заҳмати деҳқонону саҳмдорони хоҷагӣ дар кишт ва парвариши пахта далолат медиҳад.
Дар идома Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонии Маҳмадпалвон раванди гузарондани коркарди кимиёиро барои ҳашароти заррарасон, аз ҷумла тортанак, мушоҳида кард. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои 12 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 6,5 гектари он пахта кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб дорад. Хоҷагидорон, аллакай, коркарди байни қаторҳо, обмонӣ ва ғизои якумро бо пуррагӣ дар доираи қоидаҳои агротехникӣ амалӣ намудаанд. Саҳмдорон ният доранд, ки имсол бо мусоид омадани обу ҳаво ҳосили баланд ба даст биёранд. Дар майдони 1,5 гектар бошад, маккаи навъи чинӣ киш карда шудааст.
Хоҷагидорони ноҳияи Қубодиён дар самти боғдорӣ низ сол ба сол таҷрибаи зиёд пайдо намуда истодаанд. Дар Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин хоҷагии деҳқонии Муҳаммадсодиқ ба боғдорӣ машғул буда, дар майдони 5 гектар токзор ангури навъҳои президентӣ, шоҳона, победа парвариш мекунад. Ҳосилнокии токзор хуб мушоҳида гардида, пас аз 15-20 рӯз ба ҷамъоварии он шуруъ хоҳанд намуд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
КМТ. ОСОРНОМАИ АШӮР САФАР РӮНАМОӢ ШУД
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллии ин муассиса рӯнамоии асари илмии "Ашӯр Сафар: китобномаи шарҳиҳолӣ" баргузор гардид. Дар муаррифии китоб роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар завқмандони ашъори шоир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафар аз шоирони маҳбуби кишвар ба шумор меравад. Фаъолияти эҷодии ин адиби хушбаён аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта ибтидо гирифта, пайваста рушду такомул меёфт ва эҷодиёти серпаҳлуяш рӯз ба рӯз миёни аҳли илму адаб ҳаводорони зиёде пайдо мекард.
Аз ҷумла, академик Кароматулло Олимов гуфт: “Шоир бо дарду ормонҳои мардум мезист ва бо забони онҳо сухан мегуфт, шеър менавишт. Чакомаҳояш зинда, табиӣ ва ороста аз латофатҳои нозуки сухан буданд. Бовар дорам, ки чопи ин осорнома барои таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни осори шоир, шинохти шахсияти ӯ имкони бештар медиҳад”.
Шоир соли 1967 ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуда, бо эҷод ва нашри китобҳои зиёде, ба мисли «Илҳом», «Хандаи гулҳо», «Фарзанди аср», «Самари умр», «Гули маҳтоб», «Базми садоқат», «Гапи подор», «Арзи меҳр», «Гулбоғ» номи худро миёни дӯстдорони шеъри ноб машҳур кард, ки ин муваффақият, бахусус дар майдони шеъри оламгири тоҷику форс, кори саҳлу осон набуду нест.
Намунаи ашъори номбурда ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, қирғизӣ ва туркманӣ тарҷумаву нашр гардида, китобҳои алоҳидааш бо забони русӣ дар Москва ва бо хатти порсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки рӯнамоии чунин дастурҳо ва китобномаҳои шарҳиҳолӣ барои муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён бисёр муфид буда, аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд. Осорномаҳо имкон медиҳанд, то муҳаққиқ дар вақти пажӯҳиши осори ин ё он адибу олим вақт ва неруи хешро сарфа намуда, бештар ба бозкушоии асли кор, фалсафаи асарҳо ва мақсуди ниҳоии қаламкашон машғул гардад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.06.2025 №: 121