СУҒД. ВУСЪАТИ ОБОДКОРИҲО ДАР КАНОРИ РӮДИ СИР
Бо наздикшавии Ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Шаҳри Хуҷанд низ дар остонаи ин Ҷашни муқаддас ба худ симои нав мегирад.
Бино ба иттилои Маъмури Юсуфзод, сардори дафтари матбуоти МИҲД шаҳри Хуҷанд, омодагиҳо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бомаром ҷараён доранд. Яке аз самтҳои ободкориҳо бунёди роҳраву иншооти фароғатӣ дар соҳили рости дарёи Сир мебошад. Ин мавзеъ, ки ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳр буд, имрӯзҳо симои нав мегирад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва тибқи лоиҳаи тасдиқшуда, аз пули куҳнаи шаҳр то пули «ҷашнӣ» роҳрави замонавӣ бо дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр сохта мешавад. Дар он нишастгоҳҳо, таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан ва дигар лавозимоти зарурии фароғатӣ насб мегарданд, ки барои фароғати сокинону меҳмонони шаҳр нигаронда шудаанд.
Ҳамзамон, барои ба тартиб даровардани минтақа, иншооти ғайриқонунӣ бартараф мешаванд ва дар оянда соҳили рӯди Сир ба як макони муосири истироҳативу фароғатӣ табдил меёбад, ки на танҳо барои сокинон, балки барои меҳмонони шаҳр низ ҷолибу диданӣ хоҳад шуд.
Чунин ташаббусҳои созанда муҳити зистро зебо намуда, руҳияи ватанпарастии шаҳрвандонро боло мебарад. Истиқлол танҳо озодӣ нест, он маънои бунёд, созандагӣ ва ободии Ватанро низ дорад, ки хушбахтона, имрӯз дар ҳар гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, ин маънӣ бо амалу ташаббусҳои назаррас ҷило меёбад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
БУНЁДУ НАВСОЗИИ БЕШ АЗ 200 ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
Омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо маром идома дошта, айни замон тармиму бунёди 216 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.
– Аз ин шумора то кунун 118 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар нақша аст, ки соли ҷорӣ беш аз 40 иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, – иттилоъ дод Муслиҳиддин Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Тибқи иттилои М. Маҳмудзода, соли равон, аллакай, 18 иншоот ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла, маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Дараи-оби Ҷамоати деҳоти Доғистон, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-уми Ҷамоати деҳоти Даштиҷум, бинои маъмурии Мамнуъгоҳи табиии давлатии “Даштиҷум” дар деҳаи Гулистон ва пули пиёдагард дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Терай баъд аз таъмир. Ҳамчунин, то Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ифтитоҳи 10 иншооти дигар дар нақша аст.
Муслиҳиддин Маҳмудзода гуфт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони ватандӯсти ноҳия таъмиру навсозии роҳҳои дохилии ноҳия бомаром идома доранд.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН