Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲИ

26 июн 2025, Панҷшанбе
15
Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Истанбул дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар нишаст масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ дар давлатҳои ҳавзаи Созмон, алалхусус вазъи феълии Давлати Фаластин, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои замони муосир, ба мисли терроризму экстремизм, инчунин қазияи Исроил ва Эрон, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба тасвиб расидани Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ
Тавре дар Вазорати молия ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, Созишнома 23-юми июн дар қароргоҳи марказии Бонк дар шаҳри Пекин зимни вохӯрии вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори Бонк Константин Лимитовский ба имзо расид.
Созишнома барои дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод равона шуда, фаъолиятҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла омӯзиши мутахассисон, таъсиси марказҳои омӯзишӣ барои занон ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон дар минтақаҳои лоиҳа фаро гирифта мешавад.
Котиби Шурои амният дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ
«23-24-уми июн дар шаҳри Пекин вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид, ки дар он котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон ба таҳдидҳои афзоянда дар минтақа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зарурати таҳкими ҳамкории мақомоти дахлдори давлатҳои аъзо, хусусан дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ, таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои кибериро таъкид кард.
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супурд
23-юми июн сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Малдив (қароргоҳ дар Деҳлии Нав) Луқмон Бобокалонзода эътимодномаи хешро ба Президенти Малдив Моҳамед Муиззу супурд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни маросими супурдани эътимоднома сафир дуруду таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Малдив расонд.
Оғози харитаи роҳи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор барои Тоҷикистон
24-уми июн дар шаҳри Душанбе Харитаи роҳи Ҳадафи ҳафтуми рушди устувор барои Тоҷикистон расман оғоз гардид.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об ба мо тавзеҳ доданд, ки харита аз ҷониби Вазорат дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) таҳия шуд.
Харита тавсияҳоеро ҳамчун афзалиятҳо, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, иваз намудани технологияҳои куҳна бо технологияҳои самаранок ва муосир муайян намуд.
Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ
Масъалаи таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳсилоти касбӣ ва технологияҳои амалӣ дар Форуми сеюми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ, ки дар Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – Коргоҳи Лубани назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон доир шуд, баррасӣ гардид.
Хабарнигори мо аз рафти Форум иттилоъ дод, ки иштирокчиёни он вобаста ба татбиқи таҳсилоти дуалӣ табодули назар намуданд. Инчунин, зарурати такмили дарсҳои озмоишӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва усулҳои интерактивӣ оид ба тағйироти рақамӣ таъкид шуд.
«Ваҳдат – мароми модарон»
Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила Конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокдорони он дар мавзуи нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ва ба омӯзиши касбу ҳунар талқин намудани фарзандон ва саҳми назарраси онҳо дар рушди мамлакат маъруза намуданд.
Дар охири Конференсия ба як зумра занони фаъолу собиқадорони соҳаи меҳнат сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Санаи нашр: 25.06.2025 №: 124