ГӮШТИН
Паҳлавонони навраси кишвар дар Чемпионати Осиё 2 медал гирифтанд
Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола, ки 18-уми июн оғоз гардид, идома дорад.
Рӯзҳои 23-24-уми июн зӯрозмоиҳо миёни наврасони то 17-сола дар равияи гӯштини юнонӣ-римӣ доир гаштанд, ки варзишгарони мо ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Муҳаммад Султонзода дар вазни 80 кг сазовор шуд. Ӯ дар чорякфинал бар намояндаи Ҷопон, дар нимфинал бар варзишгари Чин пирӯз шуда, дар финал аз паҳлавони ӯзбекистонӣ мағлуб гашт. Медали биринҷӣ ба Алишер Рӯзимадов насиб гашт. Алишер дар даври аввал намояндаи Тайпейи Чинро шикаст дод, вале дар чорякфинал зӯрозмоиро бар варзишгари Ӯзбекистон бохт. Сипас, дар нерусанҷӣ барои ҷойи сеюм муқобили намояндаи Урдун дастболо шуд.
ФУТБОЛ
Мусовии мунтахабҳои олимпии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики бозии дӯстонаи дуюмро муқобили тими олимпии Қирғизистон доир кард.
Дидори дастаҳо 24-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Қаблан дар бозии дӯстонаи якум мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буд.
«Ин бозиҳои муфид барои санҷиши бачаҳо буд. Пеш аз марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, якҷоя бозӣ кардан муҳим аст. Дар бозиҳои дӯстона мо лаҳзаҳои хуб доштем, аммо бояд сари хатоҳои худ кор кунем», – гуфт Леван Хомерики.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН