"ПАЁМИ СУҒД". 30 СОЛ ДАР ХИДМАТИ АДАБИЁТ ВА ФАРҲАНГ

01 июл 2025, Сешанбе
58
Дар "Кохи Суғдиён"- и шаҳри Хуҷанд ҷашни бошукӯҳи 30-солагии маҷаллаи муътабари адабӣ-фарҳангии «Паёми Суғд» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли илму адаб ва дӯстдорони фарҳангу каломи бадеъ баргузор гардид.
Муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода паёми табрикии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзодаро ба иштирокдорон қироат намуда, аҳли эҷоди маҷалларо бо ин санаи фархунда шодбош гуфт. Ӯ таъкид кард, ки маҷаллаи «Паёми Суғд» дар давоми се даҳсола ҳамчун минбари боэътимоди таблиғи арзишҳои миллӣ, рушду густариши маънавият ва тарғиби фарҳангу адабиёти пурғановати тоҷик хидмат намудааст.
Раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод маҷалларо “фарзанди Истиқлол” номида, саҳми арзандаи онро дар таҳкими адабиёти муосири тоҷик ва парвариши насли нави эҷодкорон зикр намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона таҷлили солгарди моҳномаро башорати истиқлол ва ваҳдати миллӣ номида, фазои сулҳу суботи Меҳанро беҳтарин неъмати зиндагӣ арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи «Паёми Суғд» дар ҳавзаи адабии вилояти Суғд моҳи январи соли 1995 бо ташаббуси адабиётшинос ва рӯзноманигори маъруф Аъзам Сидқӣ, бо номи «Хуҷанд», таъсис ёфта буд. Дар марҳалаи эҳёи истиқлоли миллӣ таъсиси чунин як минбари фарҳангӣ иқдоми муҳими маънавӣ ба шумор мерафт.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ВАҲДАТ БАХТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИК АСТ. БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГӢ
24-уми июни соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Конфронси илмӣ-фарҳангии кормандони маорифи пойтахт баргузор шуд.
Тавре аз Сарраёсат иттилоъ доданд, дар чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагон Асадулло Наҷмиддиниён, масъулони соҳа, собиқадори хизмати давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низои даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.
Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯйи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагӣ ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфт ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош мекунад.
Чуноне қайд гардид, рушду нумӯи Тоҷикистон дар даврони баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи 16-уми ноябри соли 1992 то ба имрӯз бо номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дошта, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаашон давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ҷаҳду талошҳои Президенти кишвар боис гаштанд, ки тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо бояд ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ ҳисобем ва онро пайваста талқин ва дар қалби насли ояндасози миллат ҷой диҳем.
Зикр гардид, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт, дар баробари дигар қишрҳои ҷомеаи кишвар, дар рушду таҳкими истиқлолу ваҳдат ва дигар арзишҳои муқаддаси миллиамон сидқан саҳм гузошта, онро ба насли оянда омӯзонанд. Эҳтиёт ва ҳифз намудани асолати давлатдории миллӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки дар шароити пуртазод бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои замони нав, бархӯрди тамаддунҳо инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа минбаъд низ таъмин карда шавад.
Дар идома, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳо, як қатор омӯзгорони навовару эҷодкор ва дорои натиҷаҳои назаррас бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Пас аз қисмати расмӣ, ба хотири болидаруҳии иштирокдорон, барномаи фарҳангӣ манзур гардид.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129