ГУМРУК. ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 145-146-УМИ ШУРОИ СОЗМОНИ ҶАҲОНӢ

01 июл 2025, Сешанбе
22
Дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия ҷаласаи 145-146-уми Шурои Созмони умумиҷаҳонии гумрук (СУГ) баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони воломақоми мақомоти гумруки 186 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҳайат таҳти роҳбарии Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кард.
Ҷаласаи мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, содагардонии равандҳои тиҷорати ҷаҳонӣ ва рушди иқтидорҳои миллӣ бахшида шуда, муҳимтарин масъалаҳои соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Маросими ифтитоҳ бо суханронии хонум Нгози Оконҷо-Ивеала - Директори генералии Созмони ҷаҳонии савдо оғоз ёфт. Ӯ дар суханронии худ ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои гумрукӣ барои рушди устувори тиҷорати байналмилалӣ таъкид намуд.
Котиби генералии СУГ, ҷаноби Ян Сандерс, зимни сухани ифтитоҳии худ дастовардҳои Созмон, фаъолияти кумитаҳои соҳавӣ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаро барои кишварҳои аъзо шарҳ дод.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими тавсеаи иқтидорҳои миллии гумрукӣ, ислоҳоти тарифӣ, риояи қонунгузории байналмилалӣ ва мусоидат ба равандҳои савдои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
МУЛОҚОТИ ХУРШЕД КАРИМЗОДА БО ЯН САНДЕРС
Дар ҳошияи ҷаласаи 145-146-уми Шурои Созмони умумиҷаҳонии гумрук (СУГ), ки дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, мулоқоти дуҷониба миёни Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабири кулли СУГ ҷаноби Ян Сандерс доир гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону СУГ, дурнамои таҳкими равобити дуҷониба ва рушди ҳамгироӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Хадамоти гумрук изҳори миннатдорӣ ба роҳбарияти СУГ ҷиҳати фароҳам овардани имконияти баргузории мулоқот намуд ва таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви Созмони умумиҷаҳонии гумрук буда, дар тамоми ин давра муносибатҳои мутақобилан судмандро бо Созмон ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Тоҷикистон пайваста аз ташаббусҳои СУГ ҷонибдорӣ менамояд ва дар чорабиниҳои он, бахусус дар самтҳои содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии равандҳои гумрукӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ ва блокчейн, фаъолона иштирок менамояд.
Инчунин, иброз гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 қабул шудааст. Барномаи мазкур санади банақшагирии стратегӣ буда, ҳадафи асосии он мутобиқсозии фаъолияти гумрукӣ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ мебошад.
Барнома панҷ самти калидии рушди мақомоти гумрукро дар бар мегирад:
1.Такмили қонунгузорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ.
2.Муосиргардонии инфрасохтори гумрукӣ.
3.Рушди маъмурияти гумрукӣ.
4.Таҷҳизондани дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо воситаҳои техникии муосир.
5.Боло бурдани сатҳи тахассус ва қобилияти касбии кормандон.
Дар доираи ин Барнома таъсиси намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Созмони ҷаҳонии гумрук низ пешбинӣ гардидааст.
Хуршед Каримзода изҳори бовар намуд, ки таъсиси чунин намояндагӣ боиси густариши фаъолияти Тоҷикистон дар Созмон мегардад ва нақши кишвар дар таҳия ва татбиқи стандартҳои байналмилалии гумрукӣ тақвият хоҳад ёфт.
Дар интиҳои мулоқот аз Дабири кул даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварад. Ҷаноби Ян Сандерс бо арзи сипос даъватро пазируфт ва омодагии СУГ-ро барои таҳкими ҳамкориҳои судманд бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Ӯ зикр намуд, ки Созмони умумиҷаҳонии гумрук дар минтақаи Осиёи Марказӣ барномаҳои гуногунро дар самти аккредитатсияи кормандони гумрук ва таҳкими иқтидори касбӣ амалӣ намуда, омода аст дар ин самт бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро боз ҳам густариш диҳад.
Ҳамзамон, ҷаноби Ян Сандерс бо хушнудӣ пешниҳоди таъсиси намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сохтори СУГ пазируфта, ёдовар шуд, ки Созмон ҷиҳати татбиқи ин иқдом тамоми имкониятҳоро мавриди истифода қарор хоҳад дод.
ИМЗОИ СОЗИШНОМА ОИД БА ҲАМКОРӢ ВА ЁРИИ МУТАҚОБИЛАИ МАЪМУРӢ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ
Дар ҳошияи иҷлосияи 145-146-уми Шурои Созмони умумиҷаҳонии гумрук (СУГ), ки дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Подшоҳии Арабистони Саудӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи маъмурӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ба имзо расид.
Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук ва аз ҷониби Подшоҳии Арабистони Саудӣ роҳбари Саридораи закот, андоз ва гумрук Суҳайл бин Муҳаммад Абанмӣ ба имзо расонданд.
Ин ҳуҷҷати муҳим оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ифода менамояд ва заминаи ҳуқуқии устуворро барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ фароҳам месозад.
Тибқи муқаррароти Созишнома, ҷонибҳо уҳдадор мешаванд, ки ҳамкориҳои самаранокро дар самтҳои мубодилаи иттилооти гумрукӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла қочоқ, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ба роҳ монанд.
Татбиқи амалии ин санади дуҷониба ба рушди савдои мутақобила, мусоидат ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии миёни ду кишвар нақши муҳим хоҳад гузошт.
ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДИН БО КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ГУМРУК
Дар асоси нақшаи кории комиссияи ҷамъиятии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим, дар дастгоҳи марказии Хадамот вохӯрии намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони гумрук баргузор гардид.
Ҷамъомадро Абдумумин Муродиён, сардори раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук оғоз намуд ва сипас Муслиҳиддин Хоҷамирзода сармутахассиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим онро идома дод.
Дар рафти вохӯрӣ моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» шарҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи аслии ин қонунҳо ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, инчунин, аз байн бурдани хурофот ва амалҳои номуносиб мебошад.
Муслиҳиддин Хоҷамирзода оид ба меъёрҳои асосии қонунгузорӣ низ маълумот дода, зикр кард, ки тибқи моддаи 12 тӯйи домодию арусӣ метавонад бо баргузории на бештар аз ду маърака ва дар давоми ду рӯз анҷом дода шавад. Иҷозат ҷиҳати зиёфат барои то 150 ва оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб дода мешавад. Тибқи моддаи 14, маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон баргузор гардида, маросимҳои се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом, инчунин, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист ва шашмоҳагӣ манъ мебошанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва гумрукчиён саволу ҷавоб сурат гирифт. Роҷеъ ба татбиқи самараноки меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129