ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Лента.ру. Анкара аз кишварҳои Ғарб даъват мекунад, ки ҷиҳати оғози музокироти сулҳ барои ҳалли муноқиша дар Украина бо якдигар муттаҳид шаванд. Дар ин бора намояндаи расмии Президенти Туркия Иброҳим Калин хабар додааст.
Мир 24. Президенти Амрико Ҷо Байден расман эълон кард, ки дар инти-хоботи президентии ИМА дар соли 2024 ширкат хоҳад кард.
Известия. Муовини намояндаи расмии Дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ гуфтугӯи телефонии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Президенти Украина Владимир Зеленскийро шарҳ дода, гуфт, ки СММ умедвор аст, Чин минбаъд низ, дар ҳалли буҳрони миёни Россия ва Украина саҳм хоҳад гузошт. "Мо, албатта, аз ширкати ҳамаи кишварҳои калидии ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои узви Шурои амният, ки дар ҳалли буҳрони байни Украина ва Россия саҳм мегузоранд, ҷонибдорӣ мекунем", – гуфт ӯ.
ТАСС. Дафтари матбуоти Ҳукумати Қазоқистон пас аз мулоқоти Сарвазир Алихон Смаилов ва муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Мухбир хабар дод, ки мақомоти Қазоқистон омодагии худро барои афзоиши содироти 75 номгӯи мол ба Эрон ба маблағи тақрибан 250 миллион доллар изҳор карданд.
Санаи нашр: 27.04.2023 №: 87