ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ "СОМОН ЭЙР" ПАРВОЗҲОРО БА ТЕҲРОН ВА ҶИДДА БАРҚАРОР МЕНАМОЯД
БА ТЕҲРОН ВА ҶИДДА БАРҚАРОР МЕНАМОЯДИнтиқолдиҳандаи ватанӣ, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо хушнудӣ аз барқарории парвозҳои мустақими худ дар ду хатсайри байналмилалӣ хабар медиҳад.
Аз 14-уми июли соли 2025 парвозҳои мунтазам дар хатсайри Душанбе – Теҳрон – Душанбе аз нав оғоз мешаванд. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба: рӯзҳои душанбе ва ҷумъа сурат мегиранд, ки ба мусофирон имконияти муносибро ҷиҳати сафарҳои кориву сайёҳӣ байни Тоҷикистону Эрон фароҳам меорад. Вақти парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар рӯзҳои душанбе соати 09:10 ва дар самти баргашт соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа вақти парвоз аз Душанбе соати 11:00, аз Теҳрон соати 13:50 мебошад.
Аз 20-уми июли соли 2025 бошад, ширкати ҳавопаймоӣ, инчунин, иҷрои парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Ҷидда – Душанбе аз сар мегирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба дар моҳи июл рӯзҳои якшанбе ва минбаъд ҳафтае ду маротиба рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе соати 23:00, аз Ҷидда соати 04:00 муайян шудааст.
Хеле хушҳолем, ки парвозҳо дар ин хатсайрҳо барқарор мешаванд ва мусофиронамон имкони истифода аз ин парвозҳои бароҳати байналмилалиро пайдо менамоянд. Итминон дорем, ки барқарории ин хатсайрҳо ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард", – иброз дошт Абдулқосим Валиев, директори генералии ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр".
Чиптаҳо, аллакай, дар сомонаи ширкати мазкур www.somonair.com ва агентиҳои фурӯши чипта дастрас мебошанд.
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз соли 2008 дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият намуда, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат аст. "Сомон Эйр" ба тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ нигаронда шудааст ва айни замон парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон анҷом медиҳад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.07.2025 №: 135