ХОРУҒ. ТАРАННУМИ ВАҲДАТ ДАР ҲАМОИШИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба 28-умин солгарди Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон дар театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, ноиби президенти АМИТ Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Муассисаи нашриявии “Адиб”-и Вазорати фарҳанг Раҳмоналӣ Мирализода ва муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон, таҳти унвони “Пешвои муаззами тоҷикон - ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати байналмилалӣ” конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Шарифхон Сафарзода изҳор дошт, ки мардуми шарафманду сипосгузори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз зери таассуроти амиқ аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят қарор доранд. Хурду бузурги Бадахшон саҳми Пешвои муаззами миллатро дар барқарорсозии суботу оромии кишвар хуб дарк намуда, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари хирадпешаи худро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.
Ба бахти мардуми Тоҷикистон насиб гардид, ки фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90-уми асри ХХ, дар он давраи ниҳоят вазнини таърихӣ, ки якпорчагии кишвар зери суол гузошта шуда буд, рӯи саҳнаи сиёсат омада, роҳбарии давлату миллатро бар дӯши худ гиранд.
Дар ҷараёни конфронс Муҳиддин Пайшанбезода, Рудобаи Мукаррам, Муҳаммаддовуд Саломиён ва Раҳмоналӣ Мирализода дар мавзуъҳои “Ваҳдати миллӣ - сароғози мактаби давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, “Моҳияти илмию таърихии паёми “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Пешвои миллат” ва “Пешвои миллат - поягузори фарҳанги сулҳи устувор” баромад карданд.
Дар суханронии онҳо заҳматҳои хастагинопазири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ёдрас ва таъкид шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи мардум кишвари мо ба дастоварду пешравиҳои бесобиқа ноил гашта, барои сокинон шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам омада, сатҳу сифати рӯзгори мардум ба маротиб беҳтар гардид. Имрӯз халқи саодатманди Тоҷикистон дар шароити сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар ҷодаи амалисозии ҳадафҳои созандаи худ бо қадамаҳои устувор пеш меравад.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»
ХАТЛОН. ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР АКСИЯИ "САҲМИ МАН ДАР ОБОДИИ ВАТАН"
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 34-солагии Истиқлоли давлатӣ, иҷрои талаботи супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон, 12-уми июл аксияи вилоятӣ таҳти унвони «Саҳми ман дар ободии Ватан» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ин маърака раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар иштирок намуда, бо сокинон суҳбат намуд. Таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо пайваста роҳандозӣ шуда, ҳар як сокини вилоят бояд саҳми худро дар тозаву озода намудани як гӯшаи Меҳан гузорад. Мақсад аз баргузории чунин шанбегиҳо тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи саломатии иҷтимоӣ ва зебоии маҳал мебошад.
Иштирокдорон дар тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳо, шинондани гулу буттаҳо, тоза кардани ҷӯйбору кӯчаҳо саҳм гузоштанд.
Аз ҳар як сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даъват карда мешавад, ки дар аксияи «Саҳми ман дар ободии Ватан» иштироки фаъол намуда, дар ободонӣ ва сабзкории диёри хеш ҳиссаи худро гузоранд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137