БМТ. МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ ДАФТАРИ ШВЕЙТСАРИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, бино ба анҷоми ваколати мудири пешин ва таъини мудири нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (SECO) бо ҳайати ин ниҳод мулоқот намуд.
Ӯ зимни вохӯрӣ фазои мулоқотро рамзӣ унвон намуда, изҳор дошт, ки шарик ва дӯсти арзандаи кишварамон – хонум Саломе Штайбро гусел ва директори нави Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дениз Люсиро истиқбол мегирем. Ба хонум Саломе Штайб барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Конфендератсияи Швейтсария арзи сипос баён гардид ва аз саъю кӯшиши номбурда дар рушди устувори мамлакат, ҳамкории самарабахш бо бахши молиявӣ, бахусус бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими иқтидори низоми бонкӣ, мусоидат ба шаффофият ва дастгирии ислоҳот махсус ёдоварӣ шуд.
Сипас, раиси Бонки миллии Тоҷикистон хонум Денис Люсиро ба муносибати таъин гардидан ба ин вазифаи масъулиятнок табрик карда, изҳори бовар намуд, ки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо SECO минбаъд низ аз рӯи принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, эътимод ва муколамаи созанда рушд хоҳад кард.
Зикр гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи ташаббусҳои нав, ки ба рушди устувори иқтисодии кишвар, хусусан ислоҳоти бахши бонкӣ нигаронда шудаанд, ба муколама бо шарикони байналмилалии рушд омода буда, дар ин самт ба дастгирии SECO ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ умед мебандад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо, инчунин, роҷеъ ба тақвияти ҳамкории тарафайн бо истифодаи самараноки зарфиятҳои мавҷуда ва самтҳои гуногуни ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
P.S: Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) як бахши котиботи давлатии Конфедератсияи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ буда, ҳадафи он истифодаи таҷрибаҳои сиёсати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар доираи лоиҳаҳои SECO бо кишварҳои шарик ва, ба ин васила, мусоидат дар рушди иқтисодии ин кишварҳо ба ҳисоб меравад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
«СОМОН ЭЙР» ВОСИТАҲОИ ПАРДОХТИ ЧИПТАҲОЯШРО ЗИЁД КАРД
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" барои мусофирони худ имкони хариди чиптаҳоро бо истифода аз корти пардохтии "Корти миллӣ" дар сомонаи Ширкати ҳавопаймоӣ - www.somonair.com ва ҳам дар замимаи мобилии Somon Аir фароҳам сохт.
Ҳамгироӣ бо низоми "Корти миллӣ" боз як қадами устувор дар самти таъмини дастрасӣ ва осонии хизматрасонӣ ба мусофирон дар Тоҷикистон мебошад. Истифодабарандагони кортҳои бонкии маҳаллӣ, ки ба низоми "Корти миллӣ" пайваст мебошанд, аз ин ба баъд бе мушкилӣ ва бехатар метавонанд чиптаҳои ҳавопаймоиро тариқи онлайн харидорӣ намоянд.
Абдулқосим Валиев, директори генералии Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ин хусус чунин иброз дошт: Мо, мекӯшем, ки хизматрасониҳоямон барои шаҳрвандони Тоҷикистон дастрасу мувофиқ бошанд. Пардохт бо истифода аз “Корти миллӣ” хариди чиптаҳоро боз ҳам осонтару дастрастар менамояд, алалхусус барои нафароне, ки истифодаи воситаҳои пардохтии миллиро афзалтар медонанд.
«Сомон Эйр» муосиркунии хизматрасониҳои худро идома дода, баҳри истифодабарии муносиби онҳо технологияҳои пешрафтаро ҷорӣ менамояд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ДАРАИ АЛМОСӢ, ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ ВА АНГУРИ ГУЛОБИИ ТОИФӢ ДАР ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ КИШОВАРЗИИ ДОРОИ АҲАМИЯТИ ҶАҲОНӢ
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифии ин минтақа аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуданд.
Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд. То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиё танҳо 12 мавзеъ дар 5 кишвар – Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия дар феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ҷойгир мебошад. Акнун дараи Алмосии Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат ворид гардид, ки дар пайванди мероси ғании табиӣ дар минтақа ва ҷаҳон нақши муассир дорад.
Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил дода, дар он чорводорӣ дар ҳамбастагӣ бо зироаткорӣ ва боғдорӣ рушд намудааст. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тоифии гулобӣ, парвариш мешаванд, ки аз он шарбату мавиз, нӯшокиву шароб ва афшураҳои беҳтарин истеҳсол мекунанд.
Ангури тоифӣ, ки дар минтақаи Ҳисор парвариш меёбад, бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Инчунин, бо таъми худ фарқ мекунад
Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур рафта мерасад. Он зоти дуруштпашми маҳаллӣ буда, ба шароити сахти иқлим мутобиқ мебошад. Пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш мешавад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин кишваре мебошад, ки маҳсулоти кишоварзии он ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид шуд. Минбаъд гӯсфанди зоти ҳисорию ангури навъи тоифӣ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.07.2025 №: 137
