ВМКБ. БУНЁДИ 45 КОРХОНА ДАР ШАШ МОҲ

17 июл 2025, Панҷшанбе
12
Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нимсолаи аввали соли 2025 дар машварати васеи назди раиси вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян гардиданд.
Мусо Мирзозода, муовини раиси вилоят, зимни суханронӣ зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ рушди иқтисоди вилоят марҳала ба марҳала афзуда, маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд мебошад ва ба ҳар сари аҳолии вилоят 3 ҳазору 712 сомонӣ рост меояд.
Ба гуфтаи муовини раиси вилоят, ҳаҷми буҷети вилоят ҳамасола афзоиш ёфта, дар шаш моҳи соли равон иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,1 фоиз таъмин гардид ва ба буҷет ба ҷойи 132,8 миллион сомонии нақша 139,6 миллион сомонӣ ворид шуд.
Зикр гардид, ки айни замон дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 283,3 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад. Маблағи азхудшуда ба ҳолати имрӯза 217,1 миллион доллар ё 76,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” миқдори таҷҳизоти электронӣ ба 1 ҳазору 351 адад расонда шуд. Тавассути таҷҳизоти мазкур 760 ҳазору 652 амалиёт ба маблағи 580,7 миллион сомонӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта амалиётҳо 18 фоиз ва ҳаҷми маблағҳои гузарондашуда 32 фоиз афзоиш ёфтанд.
Ҷиҳати амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат дар шаҳру деҳоти вилоят чораҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Танҳо дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи сафари Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 264 ҷойи нави кор ба фаъолият оғоз намуд, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли 14 номгӯйи маҳсулот аз ашёи хоми маҳаллӣ нигаронда шудааст. Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар ВМКБ ба 182 адад расид, ки бунёди 45 корхонаву коргоҳ бо 360 ҷойи нави кор ба нимсолаи аввали соли равон рост меояд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 225,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят 91,5 гектар боғи нав бунёд гардид, ки ин нишондиҳанда дар 35 соли охир бесобиқа мебошад.
Зимни таҳлили фаъолияти нимсолаи соҳаҳои иҷтимоии ВМКБ муовини раиси вилоят изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои таъмир ва сохтмони 51 иншоот, аз ҷумла 18 бинои муассисаи таълимӣ, 28 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, зиёда аз 89 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷалб гардид. Вобаста ба беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ гуфта шуд, ки ба ҳолати имрӯза сохтмони 3 бунгоҳи тиббӣ ва 5 муассисаи табобатӣ идома дошта, 9 бунгоҳи тиббӣ мавриди таъмири асосӣ қарор дорад.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни ҷамъбасти машварат аз тамоми раисони шаҳру ноҳияҳо даъват ба амал овард, ки ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳар як деҳа бунёди камаш як иншоот ба нақша гирифта шавад. Ҳамзамон, зарур дониста шуд, ки бо такя ба соҳибкорон ва дигар фаъолони маҳал корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъати тоза касб намоянд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 17.07.2025 №: 138