ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ

21 июл 2025, Душанбе
14
Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ
Дар шаҳри Москва ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия доир гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангию гуманитарӣ, кишоварзӣ, муҳоҷират ва мушкилоти ҳалталаби бахши мазкур, ҳамчунин, мавзуи ҳифзи аҳамияти таърихии 80-солагии Рӯзи Ғалаба мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.
Ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ
Таҳти раисии муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар шаҳри Москва ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ баргузор шуд, ки дар он маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳод баррасӣ шуданд.
Тибқи иттилои АМИТ «Ховар», зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инноватсионӣ, таҳияи ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои илму технология, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ ва логистикии Авруосиё ва дигар масъалаҳои муҳими рушди равобити кишварҳои Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баррасии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар чорабинии канории Тоҷикистон, ки дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2025) дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо – таъмини ояндаи муштараки мо: муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо» баргузор гашт, иштирок намуд.
Намояндагии доимии ҷумҳурӣ дар СММ иттилоъ додааст, ки ҳадафи асосии чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29-ум то 31-уми май дар Тоҷикистон баргузор гардид, ба ҳисоб мерафт.
Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки қабули Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо марҳалаи муҳим дар самти расидан ба талошҳои муштарак барои пешгирӣ аз коҳиши пиряхҳо ва таназзули криосфера маҳсуб мешавад.
Чорабинии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва инноватсия
Дар қароргоҳи ЮНИСЕФ (шаҳри Ню-Йорк) чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳуқуқи кӯдак ва инноватсия: имкониятҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ ва дастгирии ЮНИСЕФ баргузор шуда, ба масъалаҳои таҳкими ҳуқуқи кӯдакон тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бахшида шуд.
Дар ин хусус ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ доданд.
Баррасии масоили рушди инфрасохтори гумрукӣ бо ҳайати намояндагони БОР
Дар Хадамоти гумрук вохӯрии муовини якуми сардори ниҳод Азим Турсунзода бо ҳайати намояндагони Бонки осиёии рушд таҳти роҳбарии Дэвид Фэй баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори гумрукӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори гузаргоҳи гумрукии «Фотеҳобод»-ро, ки дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷойгир аст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тақвияти ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва вилояти Малатияи Туркия
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо волии вилояти Малатияи Туркия Седдар Явуз мулоқот кард.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо имконияти тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Малатияро баррасӣ намуданд.
Зимни суҳбат соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва инфрасохтор ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ таъкид шуданд.
Озмуни байналмилалии нозирони навраси ҳаракат
Аз 15-ум то 20-уми июл дар шаҳри Гулистон слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори мо дар хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар доираи он Озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат» доир гашт.
Дар озмун дастаҳои нозирони навраси ҳаракат аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Санаи нашр: 21.07.2025 №: 140