АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
АЗИМ ИБРОҲИМ: «ИНТИҚОЛИ 70 ДАРСАДИ БОРҲО БА НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН РОСТ МЕОЯД»
Ҳоло тавассути Вазорати нақлиёт ёздаҳ лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи як миллиарду 140 миллион доллари ИМА амалӣ мегардад, ки аз ин ҳафт лоиҳа татбиқ шуда, чор лоиҳаи дигар ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд. Ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, баён дошт.
Соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон (49 километр) ба маблағи 131,4 миллион доллари ИМА, Гулистон – Фархор (29,6 километр) бо сарфи 41 миллион доллар ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод, қисмати се (пули калон 920 метр) ба маблағи 80,85 миллион доллар оғоз гардиданд.
Азим Иброҳим гуфт, ки соли равон се лоиҳаи дигар ба маблағи 447,1 миллион доллар, 138 километр роҳҳо бо инфрасохтори заруриашон ба истифода дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки барои фарогирии пурраи рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт сӣ модул тартиб дода шуда, сездаҳ модули он мавриди коркард ва истифода қарор дорад. Ҳоло аз 5 567,9 километр роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии истифодаи умумӣ дар тавозуни Вазорат қарордошта дар 5 266,3 километр маълумот оид ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ шудааст.
Маълумот гирфитем, ки дар муассисаву идораҳои сохтори Вазорат аз тарафи КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» хизматрасонии почтаи электронӣ ва 301 GPS дар техникаҳои роҳнигоҳдорӣ васлу насб гардид.
Барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то ҳаштод дарсад сабукӣ пешниҳод намуд. Саҳми нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, интиқоли ҳафтод дарсади борҳо дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
Кароматулло АТО
ТИБ. НОРАСОИИ КАДРҲО МАВЗУИ МЕҲВАРӢ БОҚӢ МЕМОНАД
Яке аз масъалаҳои асосии соҳа таъмини муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони касбист ва айни ҳол 93,6 дарсади воҳиди кории табибон ва 99,6 дарсади воҳиди кории кормандони миёнаи тиб банд мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,5 ва 0,4 дарсад зиёд аст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки норасоии табибон бештар дар самти тибби оилавӣ, дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ силшиносӣ-ренгенологҳо ва дар баъзе минтақаҳои дурдасттарин норасоии мутахассисони бемориҳои занон ва ҷарроҳон ба назар мерасад. Барои бартараф намудани норасоии табибон дар баъзе минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз ҳисоби кормандони соҳаи тандурустии вилоятҳо табибони навбатдорро барои хизмат расондан ба аҳолии ин минтақаҳо равон мекунем.
Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки ҳоло норасоии мутахассисони соҳаи тиб дар муассисаҳои тиббии кишвар 1600 нафарро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди мушкилиҳои мавҷуда, дар шаш моҳи соли равон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 39 навгонӣ, аз ҷумла 7-то дар самти ташхис ва дар самти табобат 32 усули ҷадид ҷорӣ гаштанд.
Бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш, дар шаш моҳи соли равон 158 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронда шуд.
Кароматулло АТО
ДОНИШГОҲИ АГРАРӢ
ҲАМКОРӢ БО 135 ТАШКИЛОТУ МУАССИСАИ ОЛИИ ХОРИҶӢ
Зимни нишасти матбуотӣ Усмон Маҳмадёрзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, иброз дошт, ки Донишгоҳ бо 135 ташкилоту муассисаҳои олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дошта, дар шашмоҳаи аввали соли равон 9 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонд.
Ба гуфтаи ректор, амалишивии шартномаҳои тарафайн панҷ солро дар бар гирифта, ба рушди Донишгоҳ дар самтҳои алоҳида ёрӣ мерасонад.
Дар баробари тавсеа ёфтани муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ иштироки донишҷӯёну аспирантон ва докторантони ин муассиса дар озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ ба маротиб бештар шудааст.
Усмон Маҳмадёрзода зикр намуд, ки 22-24-уми майи соли равон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея маросими қадрдонии ҷоизадорони 18-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти занҳои ихтироъкор “KIWIE - 2025” доир шуд. Дар Намоишгоҳ 445 ихтирои занҳои ихтироъкор аз 15 давлати ҷаҳон пешниҳод гардид, ки дар он докторант аз рӯйи ихтисоси ботоника ва экологияи Донишгоҳ Чаманоро Шозиёева ғолиб дониста шуд.
Инчунин, иттилоъ доданд, ки дар Донишгоҳ 11 лоиҳаи грантӣ амалӣ мегардад.
Кароматулло АТО
КӮЛОБ
Музди меҳнати кормандони Фурудгоҳи байналмилалӣ 30 дарсад афзуд
Аз 1-уми июли соли ҷорӣ маоши кормандони ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” 30 дарсад баланд бардошта шуд. Ин нукта дар нишасти матбуотии ин ниҳод зикр гардид.
Фурудгоҳ ба буҷети давлат 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ андоз супурдааст.
– Дар нимсолаи аввали соли 2025 Фурудгоҳ ба 49 ҳазору 719 мусофир хизмат расондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 45 ҳазору 107 мусофир кам мебошад. Дар нимсола Фурудгоҳ 146 хатсайр ба ҷо овард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 150 хатсайр кам мебошад, – гуфт Нуралӣ Ҳомидзода, директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”.
Мавсуф афзуд, ки дар 6 моҳи гузашта 28 парвоз ба таъхир гузошта шуд, ки 5 хатсайр аз номусоидии боду ҳаво, 20 парвоз бо сабаби дер мондани ҳавопаймо ва бо сабабҳои техникӣ ба қайд гирифта шудааст.
Суннати СОДИҚ
Санаи нашр: 25.07.2025 №: 144