Баррасии ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон
Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон Барно Саидвализода бо ҳайати парламенти Муғулистон (Хурали Бузурги Давлатӣ) мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар мулоқот иброз гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон ба сатҳи комилан нави рушд мебароянд.
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятӣ
Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятӣ якҷо бо шуроҳои ҷамъиятии вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни ҷаласа мавзуи «Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм: мавқеъ ва нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ин масъала» баррасӣ гардид.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризмро яке аз самтҳои муҳими сиёсат қарор дода, заминаи устувори ҳуқуқӣ таҳия намудааст.
Афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳими рушди иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш меафзояд. Тибқи иттилои Агентии омор, тайи нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 925,7 ҳазор хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуд.
Ин нишондиҳанда 177,4 ҳазор нафар ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 дарсад зиёд мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, беш аз 762,3 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мешаванд.
Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 850,6 ҳазор нафар ё 91,9 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст.
Баррасии масъалаи коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ
Тавре «Ҷумҳурият» қаблан иттилоъ дода буд, дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Тоҷикистон ва пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон дар самти пешгирӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре дар Кумитаи мазкур ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, дар доираи имзои ин Ёддошт роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Муғулистон бо ҳам вохӯрданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо густариши табодули таҷриба дар самти идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ ва системаи огоҳсозӣ ва табодули технологияи навро баррасӣ намуданд.
«ПОМИРИНВЕСТ-2025»
Имзои 17 созишномаи ҳамкорӣ барои рушди иқтисодӣ ва сармоягузории шаҳри Хоруғ
25-уми июл дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помиринвест-2025» доир гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи Форум байни роҳбарияти МИМҲД-и шаҳри Хоруғ ва 17 нафар соҳибкорону сармоягузорон ба маблағи 352 миллион сомонӣ созишномаи ҳамкорӣ барои рушди иқтисодӣ ва сармоягузории шаҳри Хоруғ ба имзо расид.
Тавре зикр мегардад, дар Форуми имсолаи сармоягузории «Помиринвест-2025» маблағи тафоҳумномаҳои баимзорасида 655 миллион сомониро ташкил дод.
Нашри сеюми «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
«Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нашри сеюми «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид»,– хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов иброз дошт: «Нашри сеюми ин китоб аз ҷониби АМИТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба сомон расид. Барои омода намудани китоб 63 олим ва мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоология ҷалб шуданд».
Дар нашри сеюми китоб намудҳои нодири набототу ҳайвонот аз рӯйи нақшаи ягона қаламдод гаштаанд. Барои ҳар намуд маълумот оид ба мавқеи таснифотӣ, номҳои лотинӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, мақоми ҳифз, паҳншавӣ, муҳити сукунат, хусусияти экологӣ, саршумор, омилҳои маҳдудкунанда, тадбирҳои ҳифз, харитаи паҳншавӣ ва аксҳои аслӣ оварда шудаанд.
