ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН. ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР СОҲАИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО

30 июл 2025, Чоршанбе
8
Чанде пеш сафари ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода ва бо иштироки раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир гардид.
Дар доираи сафар шиносоӣ бо раванди таълим ва фаъолияти Маркази давлатии таълими касбии ба номи Варнер фон Сименс, Маркази таълими калонсолони округи Чам ва як қатор мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода шуданд.
Тавре ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти Вазорат хабар доданд, дар шаҳри Мюнхен бо иштироки сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ҳайат бо вакилони Ландтаги Бавария, намояндагони Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетика вохӯрда, як қатор созишномаҳоро ҷиҳати ҳамкории минбаъда ба имзо расонданд.
АМИТ "Ховар"
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147