Мулоқоти раисони парлумони Тоҷикистон ва Эрон

30 июл 2025, Чоршанбе
10
Тавре хонандагони «Ҷумҳурият» иттилоъ доранд, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода дар иҷлосияи раисони парлумони ҷаҳон, ки бо ташаббуси СММ дар шаҳри Женева баргузор гашта истодааст, ширкат дорад.
Дар доираи ин сафар 29-уми июл Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Шурои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқири Қолибоф дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар ин бора ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти МН МО хабар доданд.
Мулоқоти вазири молия бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳасин вохӯрд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорат, зимни мулоқот таваҷҷуҳи хос ба лоиҳаҳои афзалиятноки кишвар, аз ҷумла НБО “Роғун” равона гардида, зарурати суръатбахшии ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ва иҷрои саривақтии шартҳои созишномаи молиявии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Беҳтар шудани шароити кору хизмат дар сохторҳои ВКД
29-уми июл вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз биноҳои шуъбаи махсуси карантинии милитсия ва раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд.
Тавре дар Вазорат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, вазир аз корҳои таҷдиду навсозии бинои шуъба боздид ба амал оварда, ҳайати шахсии ин ниҳодро ба хизмати софдилонаву содиқона ҳидоят кард.
Чуноне зикр мешавад, бинои мазкур пас аз таъмиру таҷдид бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидааст.
Вусъати ҷамъоварии ҳосили гандум
Тибқи маълумоти маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, дар майдони 197 825 гектар кишти гандум гузаронда шудааст.
Ба ҳолати 25-уми июл дар майдони 163 829 гектар гандум даравида, дар майдони 160 161 гектар кӯфта шудааст. Ҳосил 550 508 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 34,4 сентнер расид.
Ҳамчунин, дар хабар омадааст, ки дар майдони 296 968 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронда, ҳосили 223 195 гектар даравида шудааст. Ҳосили умумӣ 669 539 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 30,4 сентнерро ташкил медиҳад.
Дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноат дар Пекин
29-уми июл дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин, маросими ифтитоҳи дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноат баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи раиси Палатаи савдо ва саноат Ҳайдар Раҷабзода ва беш аз 80 намояндаи ширкату корхонаҳо аз шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Ҳадафи дафтари мазкур тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Чин ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мебошад.
Шиносоии гурӯҳи кории БОР бо фаъолияти МОИ «Данғара»
«Гурӯҳи кории Бонки осиёии рушд бо имконоти сармоягузорӣ ва инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни мулоқоти роҳбарияти маъмурияти минтақа бо ҳайати Бонк ҷонибҳо дар мавриди дурнамои ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Меҳмонон бо шароити ҳуқуқӣ, имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва иқтидори истеҳсолию логистикии Минтақа шинос шуда, барои густариши ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба ворид шудани дараи Алмосӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ
Бахшида ба ворид шудани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Дар ин хусус ба мо Қурбонмурод Асозода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳисори шодмон», иттилоъ дода, афзуд, ки дар ҳамоиш олимону коршиносони соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ маъруза намуда, меҳмонон бо токзори хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Алмосӣ, намоиши гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос гардиданд.
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147