МАСТЧОҲ. ТАҲКИМИ ИНФРАСОХТОРИ ОБРАСОНӢ ДАР НОҲИЯ
Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтарсозии инфрасохтори обрасонӣ ба ноҳияи Мастчоҳ насоси замонавии обкашӣ дастрас гардид. Ин иқдоми муҳим бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ба беҳтар гардидани ҳолати обёрии заминҳои корам ва боло бурдани самаранокии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Насоси нав дар пойгоҳи обкашии “Фирдавсӣ” насб шуда, зиёда аз 3000 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии “Фирдавсӣ” ва “Дӯстӣ”-ро бо оби полизӣ таъмин мекунад. Бартарии асосии ин иқдом дар он аст, ки иқтидори техникии пойгоҳ ба таври назаррас афзоиш ёфта, шароити обрасонӣ ба хоҷагиҳо беҳтар мегардад.
Тибқи маълумоти мутахассисон, пойгоҳи “Фирдавсӣ” қаблан бо се дастгоҳи обкашӣ фаъолият мекард, ки яке аз онҳо, бинобар фарсудашавии техникӣ, беш аз 20 сол фаъол набуд. Ин ҳолат ба таъминоти мунтазами об ба заминҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонд. Насби таҷҳизоти нав, дар баробари рафъи мушкилоти техникӣ, ба раванди обёрӣ низ танзими муассир ворид намуд.
Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Мастчоҳ дорои 17 пойгоҳи обкашии пуриқтидор мебошад, ки қобилияти интиқоли 45 ҳазор метри мукааб обро дар як вақт доранд. Ин об тавассути 11 канали магистралӣ бо дарозии умумии 123 километр ба майдонҳои кишоварзӣ расонда мешавад. Агар ин инфрасохтор бо риояи меъёрҳои муосир ва истифодаи самаранок идора шавад, метавонад ба афзоиши ҳосилнокӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бо ҷалби сохтору идораҳои дахлдор, пайваста барои таҷдид ва навсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва низоми обрасонӣ чораандешӣ менамояд. Насби насосҳои нав яке аз иқдомҳои пайвастаест, ки ба самаранок истифода бурдани захираҳои об ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.07.2025 №: 147
