ИШТИРОКИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭКОЛОГӢ

30 июл 2025, Чоршанбе
16
25-уми июл Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалии экологӣ дар кишвари Олтойи Федератсияи Русия ширкат варзида, суханронӣ намуд. Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ аз талошҳои Ҳукумати мамлакат дар робита ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ёдовар шуда, таъкид сохт, ки Тоҷикистон аҳамияти ҳифзи сарватҳои табиӣ ва ба наслҳои оянда расондани онҳоро дарк карда, барои нигоҳдорӣ ва афзун намудани ин захираҳо саъю талош менамояд.
"Дар заминаи ин талошҳо, Тоҷикистон солҳои зиёд рӯзномаи обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ бомуваффақият пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон 14 қатъномаи дахлдор аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гашт, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалии об заминаи устувор гузоштаанд. Қарорҳои мазкур, инчунин, барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, ки ба Рӯзномаи 2030 дохил шудаанд, равона гардидаанд", – таъкид кард Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода.
Дар идомаи сухан таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабинӣ ба рушди "энергияи сабз" ва аҳамияти он ҷалб шуда, таъкид гардид, ки 98 дарсади неруи барқи кишвари мо аз манбаъҳои обӣ тавлид мешавад ва аз рӯи истеҳсоли энергияи аз манбаъҳои таҷдидшаванда бавуҷудоянда Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои шашумро мегирад.
Бо ёдоварӣ аз манбаи асосии захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ будани пиряхҳои Тоҷикистон, таъкид гашт, ки бо ташаббуси кишвари мо аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шуд.
Дар ин замина, Фонди байналмилалии боварӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт, ки Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда саҳми молиявии худро дар он гузошт.
Ба таъкиди Қоҳир Расулзода, барои ҳифзи табиат дар баробари тадбирҳои андешидашуда, ҳамзамон, бояд маърифати экологӣ баланд бардошта шуда, минтақаҳои муҳофизатшаванда ташкил ва барномаҳои барқарорсозӣ татбиқ гарданд, идоракунии устувори захираҳои табиӣ ба роҳ монда шаванд. Ба гунаи мисол, Сарвазири мамлакат чанд объекти муҳофизатшавандаи кишварро ном бурд, ки аз онҳо Боғи миллии Тоҷикистон ва мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд.
Дар фарҷом Қоҳир Расулзода изҳори бовар намуд, ки ҳамкории зичи кишварҳо метавонад муборизаро баҳри ҳифзи захираҳои табиӣ пурқувват намуда, амнияти экологиро тақвият бахшад.
Бояд ёдовар шуд, ки Конфронси байналмилалии экологӣ аз 24-ум то 26-уми июл дар осоишгоҳи "Манжерок"-и кишвари Олтой доир гардид. Дар он ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия ширкат доштанд.
Комрон ЗИКРУЛЛОҲ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.07.2025 №: 146