Файзалӣ Идизода дар Конфронси ҷаҳонии раисони парлумонҳо
28-уми июл ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода барои иштирок дар Конфронси 6-уми ҷаҳонии раисони парлумонҳо, ки рӯзҳои 28-31-юми июл ҷараён мегирад, ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар намуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар доираи ин сафар вохӯрии Раиси МН МО Файзалӣ Идизода бо ҳайатҳои давлатҳои иштирокчии Конфронси ҷаҳонии раисони парлумонҳо дар назар аст.
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор
Дурнамо ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор зимни мулоқоти муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода бо намояндаи доимии Хазина дар Тоҷикистон Гази Шбайкат баррасӣ гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни мулоқот гуфта шуд, ки ҳузури доимии намояндаи Хазина дар Тоҷикистон ба тақвияти муколамаи доимӣ ва қабули саривақтии қарорҳои муҳими сиёсӣ мусоидат менамояд.
Дар ин замина, умедворӣ ба ҳамкории самаранок, хусусан дар самти татбиқи ислоҳоти сохторӣ, дар доираи барномаҳои муштараки Хазинаи байналмилалии асъор таъкид гардид.
Ҳамоиши ҳизбиён бахшида ба қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон
28-уми июл дар бинои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ вобаста ба қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи умумии СММ ҳамоиши ҳизбиён баргузор гашт.
Тавре дар Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, зимни баргузории ҳамоиш таъкид гардид, ки қабули қатъномаи махсус зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи таърихӣ буда, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар қабули санадҳои байналмилалӣ нишон медиҳад.
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд
Чанде пеш дар шаҳри Ҷидда вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо ноиби президенти гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт доктор Ромӣ Аҳмад мулоқот дошт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба бо Бонки исломии рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои рушде, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии ин ниҳод амалӣ мешаванд, муҳокима гардид.
Машваратҳои сиёсӣ бо Ангола
28-уми июл байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ангола ба тариқи видеоӣ машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.
Ба хабарнигори мо дар маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи геосиёсӣ, амнияти минтақавӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, мавриди табодули афкор қарор дода шуд.
45,9 ДАРСАД ҲИССАИ ХОҶАГИҲО ДАР ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
«Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 23 миллиарду 853,8 миллион сомонӣ баробар шудааст», – хабар додааст Агентии омор.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 59 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 14 миллиарду 069,7 миллион сомонӣ расид.
Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 15,3 фоизро дар бар гирифт, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 23,8 фоиз, Хатлон 12,4 фоиз, ВМКБ 1,4 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 12,6 фоиз баробар аст.
«Оҳанги ҷавонии Роҳи Абрешим ва мулоқот дар Чин барои сулҳ»
Таҳти ҳамин унвон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки намояндагони ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барномаи хосаи табодули ҷавонон оғоз ёфт.
Ба хабарнигори «Ҷумҳу-рият» Басона Сатторзода дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ доданд, ки барнома аз 23-юми июл оғоз ёфта, то 30-юми июл дар шаҳрҳои Пекин, Юйлин ва Чжэнчжоу баргузор мегардад. Ҳадафи он тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, густариши робитаҳои дӯстона ва мусоидат ба сулҳу суботи минтақавӣ мебошад.
Санаи нашр: 29.07.2025 №: 146
