АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30 июл 2025, Чоршанбе
24
СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА 33,9 МИЛЛИОН ДОЛЛАР РАСИД
Ба маълумоти муовини якуми директори Агентии содирот Хуршед Зуҳурзода, давоми шаш моҳи аввали соли равон, аз ҷумҳурӣ ба 50 мамлакати хориҷӣ маҳсулот содирот гардид, ки аз он панҷ давлат - Нидерланд, Чин, Туркия, Ӯзбекистон ва Русия дар ҷойи авваланд. Содирот 953 172,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кард, ки 36,6 дарсад бештар мебошад.
Аз ҷумла, ба хориҷа 90,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 33,9 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 ҳазор тонна зиёд аст. Ин нишондиҳандаи баландтарин нисбат ба солҳои қаблӣ (2021-2024) мебошад. Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ низ бе назардошти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо 37,4 дарсад афзуда, 919,3 миллион долларро ташкил кард.
– Ин нишондоди ниҳоӣ набуда, бо назардошти фаровонии маҳсулот содироти он муташаккилона идома меёбад, – гуфт Хуршед Зуҳурзода.
Кароматулло АТО
ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН. САФИ ДОВТАЛАБОН АЗ ХОРИҶ ДАР ҲОЛИ АФЗОИШ АСТ
Дар соли таҳсили 2024 – 2025 Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёнро 97,1 дарсад иҷро намуд, ки нисбат ба ду соли қаблӣ зиёд аст.
Ин нуктаро Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ, ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Донишгоҳ қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор меравад. Дар соли таҳсили ҷорӣ шумораи шаҳрвандони хориҷӣ аз 8 кишвари ҷаҳон ба 391 нафар мерасад. Бештари донишҷӯён аз Россия (156), Ӯзбекистон (115) ва Чин (106) мебошанд. Ҳамчунин, аз давлатҳои Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Шведсия низ донишҷӯён таҳсил доранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ДДК
Омодагӣ ба таҷлили 80-солагӣ
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Дар он беш аз 20 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз шабакаҳои телевизионӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, Агентии миллии иттилоотӣ, инчунин, хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Нишастро ректори Донишгоҳ Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, ҳисоботи муфассалро дар бораи рушди соҳаҳои калидии ин муассиса, аз ҷумла самтҳои таълим, илм, тарбия, корҳои созандагиву хоҷагидорӣ, равобити байналмилалӣ ва муваффақияти устодону донишҷӯён – тавассути рӯнамо ва омори дақиқ ироа намуд. Ректор таъкид кард, ки Донишгоҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 80-солагии таъсиси муассиса ба роҳ мондааст.
Рӯзноманигорон доир ба самтҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ суолҳо ироа намуданд, ки аз ҷониби раёсат ба онҳо посухҳои муфассал манзур гардиданд.
Дар интиҳои нишаст Сафарзода Мунир Ватан ба намояндагони ВАО барои ҳамкории самаранок ва инъикоси равандҳои ҳаёти Донишгоҳ миннатдорӣ изҳор намуда, онҳоро ба ҳамкории боз ҳам зичтар, истиқболи шоистаи ҷашни 80-солагии ин муассисаи олии касбӣ даъват кард.
Абдулқодири РАҲИМ
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Нақшаи қисми даромади буҷет барзиёд иҷро гашт
Дар раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб нишасти матбуотӣ доир гардид.
Маъруф Ҷаъфарзода, сардори раёсат, ба хабарнигорон гуфт, ки қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо ба маблағи 257,1 миллион сомонӣ муқаррар гардида, иҷрояш 275,2 миллион сомониро дар бар мегирад, ки ба 107 дарсади нақша баробар буда, нисбат ба соли гузашта 54,7 миллион сомонӣ бештар аст.
Дар давраи ҳисоботӣ, шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин нақшаи буҷети маҳаллиро таъмин карданд.
М. Ҷаъфарзода афзуд, ки аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ дар 51 ташкилоту муассисаҳо оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ таҳлил гузаронданд. Дар натиҷа ба маблағи 788 ҳазору 200 сомонӣ камбудӣ ошкор шуд. 419 ҳазору 600 сомонӣ барқарор карда шуда, ки аз ин маблағ 17,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 402,3 ҳазор сомонӣ ба фоидаи муассисаҳо барқарор гардид.
Суннати СОДИҚ
Санаи нашр: 29.07.2025 №: 146