ОҶИКИСТОН ВА БЕЛАРУС. ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗӢ
Т
29-уми июл дар доираи машварати 10-уми вазирони давлатҳои аъзои СҲШ ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус – вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Юрий Горлов бо ҳам вохӯрданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ иттилоъ додааст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои бунёди корхонаҳои коркарди ширу гӯшт, воридоти чорвои хушзоти самти гӯштию ширӣ, афзоиши содироти хушкмева ба бозори Беларус, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои донишҷӯёни Тоҷикистон, ҷалби бештари таҷрибаомӯзони тоҷик ба корхонаҳои истеҳсолии Беларус, таҳкими ҳамкорӣ дар самти боғу токпарварӣ, тухмипарварӣ, парандапарвариро баррасӣ намуданд.
АМИТ "Ховар"
