ШИРКАТИ КӮҲӢ-САНОАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ ИСТИХРОҶИ МАЪДАН МЕАФЗОЯД
ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, воқеъ дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон, истихроҷи маъданро дар шаш моҳи соли равон ба 1 миллиону 497 ҳазор тонна расонд, ки баландтарин нишондод дар давоми 18 соли фаъолият маҳсуб меёбад.
– Баъд аз ҳаллу фасли мушкилиҳои пешомада, ҷомеаи меҳнатӣ танҳо қадам ба пеш мегузорад ва нақшаҳои муайянгаштаро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро мекунад. Дар ним соли равон маҳз бо кӯшишу талошҳои мутахассисону кормандон ба маблағи 1 миллиарду 668 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардем, ки ин баландтарин натиҷа дар солҳои охири фаъолияти муштарак аст. Тавлиди хокаи сурб 45 ҳазору 835, руҳ 55 ҳазору 649 ва мис 2 ҳазору 908 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта истеҳсоли сурб 12 ҳазор, руҳ 10 ҳазор ва мис 700 тонна зиёд мебошад. Ин раванд идома хоҳад ёфт, – мегӯяд Ян Чжи Сай, директори генералии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”.
Ҳоло дар корхонаи муштарак зиёда аз 3 ҳазор нафар коргари маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва музди меҳнати хуб (ба ҳисоби миёна 5 ҳазору 513 сомонӣ) таъмин мебошад.
– Аз замони оғози кор Ширкати мазкур беш аз 5 миллиард сомонӣ андозу пардохтҳои гуногунро пардохт карда, ҳамзамон, зиёда аз 160 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳои вилояти Суғду ҷумҳурӣ ёрии иҷтимоӣ расондааст. Ғайр аз ин, дар ободонии шаҳраки Зарнисор, таъмири мактабу беморхона, нуқтаи маишӣ, боғи фарҳангӣ ва роҳҳои мошинград саҳми арзанда мегузорад, – иброз дошт Ҳоҷимуҳаммад Салимзода, раиси иттифоқи касабаи ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”.
Интизор меравад, ки иқтидори истеҳсолии Ширкат дар ояндаи наздик боло рафта, дар як сол истихроҷи маъдан аз 3 то 3,6 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Зимни суҳбат Ян Чжи Сай иброз дошт, ки тасмим гирифтаем, ки аз моҳи октябр музди меҳнати коргаронро боз ҳам боло бардорем. Ҳамзамон, баҳри ободии шаҳраки Зарнисор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир хоҳем кард.
Умуман, ба шарофати дастовардҳои баланди истеҳсолии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” ва дигар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 2 миллиарду 371 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ба 134,2 дарсад баробар мебошад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
ЗАФАРОБОД. ВОРИДИ АГРЕГАТҲОИ НАВ БО ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ
Бо мақсади беҳтар гардондани низоми обрасонӣ ба пойгоҳҳои обкашии “Мирзочӯл-1” ва “Мирзочӯл-2”-и ноҳияи Зафаробод ду агрегати нави пуриқтидор ворид карда шуд.
Бояд таъкид кард, ки заминҳои ноҳияи Зафаробод, ки, асосан, тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд, барои рушди соҳаи кишоварзӣ аҳамияти хос доранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо дарназардошти куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти пойгоҳҳои обкашӣ, соли гузашта бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2” муҳаррики нав харид ва насб гардида буд. Ин агрегати муосир дар мавсимҳои обёрии солҳои 2024 ва 2025 бо иқтидори пурра фаъолият намуда, ба таъмини саривақтии об барои заминҳои кишоварзӣ мусоидат кард.
Дар мавриди хариди агрегатҳои нав сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Зафаробод Шавкат Отаев чунин гуфт: “Дар идомаи иқдомҳои созанда, бо ташаббуси Пешвои миллат боз ду агрегати пуриқтидори нав аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва ба ноҳияи Зафаробод ворид гардид. Ин таҷҳизоти нав бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ барои таъмини обрасонии самаранок ба майдонҳои кишоварзӣ мусоидат хоҳанд кард. Дар маҷмуъ, дар ноҳияи Зафаробод пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-1” бо 6 агрегат ва пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2” бо 4 агрегат ва 3 насос фаъолият доранд. Дар назар аст, ки давра ба давра боз 19 насоси обкашии дигар иваз шавад. Айни ҳол ҳар рӯз дар каналҳои обрасонии ноҳия 20-30 куб об ҷорӣ мебошад. Ин аст, ки соли равон таъмини оби полизӣ нисбат ба солҳои гузашта беҳтар ба роҳ монда шудааст.
Сокинон, деҳқонон ва масъулони соҳаҳои кишоварзиву хоҷагии оби ноҳия аз ин иқдоми хайрхоҳона ба Роҳбари давлат арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор медоранд, ки минбаъд низ бо истифодаи самараноки захираҳои об ва технологияи нав барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ талош хоҳанд кард.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.07.2025 №: 148
