Баррасии дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон
30-юми июл мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ароқчӣ, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, доир гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории минбаъда байни кишварҳо бо мақсади таҳкими дӯстии анъанавии Тоҷикистону Эрон, ки дар руҳияи ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобил рушд меёбанд, изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Мулоқоти cафири Тоҷикистон бо вазири оила ва хизматҳои иҷтимоии Туркия
29-уми июл вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия Содиқ Имомӣ бо вазири оила ва хизматҳои иҷтимоии Туркия Моҳинур Оздемир Гокташ баргузор шуд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамзамон, муҳимияти оила зикр гардида, сафир иттилоъ дод, ки дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд.
Татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти энергетика
Тавре ба хабарнигори мо дар маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои об тавзеҳ доданд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳо дар доираи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ босуръат идома доранд.
Дар доираи лоиҳаҳои мазкур дар ҳаҷми 1 миллиарду 448 миллион доллари ИМА маблағ ҷалб шудааст. Илова бар ин, дар ВМКБ 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 134,7 миллион доллар амалӣ мешавад.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ вусъат меёбанд
Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг зимни пахши як иттилоия хабар додааст, ки равобити фарҳангии кишварамон бо давлатҳои дигар густариш меёбад.
Ҳамчунин, дар хабар омадааст: «Имсол дар шаҳри Душанбе ҳамоиши муштараки Шурои ҳамкории гуманитарӣ ва раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои ИДМ ва Форуми зиёиёни эҷодкору илмии кишварҳои узви Иттиҳод баргузор гардид».
Маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон, барномаҳои бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон, рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин ва Русия, бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва баргузории “Шоми Шашмақом” дар қароргоҳи ЮНЕСКО, иштироки ҳайати ҳунарӣ дар Рӯзи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 аз муҳимтарин чорабиниҳо дар ин самт арзёбӣ шудаанд.
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Чин
Аз 5 то 27-уми июл таҳти унвони «Амнияти киберӣ ва идоракунии зеҳни сунъӣ» Барномаи байналмилалии тобистонаи Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре дар Донишгоҳ ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, дар доираи Барнома иштирокчиён дар машғулият ва омӯзишҳои амалии байналмилалӣ иштирок намуданд.
Омӯзишҳо мавзуъҳои «Протоколҳо ва сиёсати амнияти рақамӣ», «Татбиқи зеҳни сунъӣ дар муҳити техникию илмӣ», «Табодули таҷриба байни донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳон» ва «Идоракунии хавфҳои технологии муосир»-ро фаро гирифтанд.
14 медали хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025
29-уми июл дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқбол аз ғолибони Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 баргузор гашт.
Дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки аз 21 то 27-уми июл дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ бо иштироки беш аз 218 хонанда баргузор шуд. Дар Олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд.
Санаи нашр: 31.07.2025 №: 148
