Шиносоии муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ
«Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти кишоварзон аз наздик шинос гардид», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
С. Зиёзода, нахуст, дар ҶСК «Агротехсервис» бо минтақаи сохтмони коргоҳи нави истеҳсолӣ, намунаҳои техника ва механизмҳои кишоварзӣ, ки тавассути муҳандисони маҳаллӣ такмил ёфтаанд, шинос шуд.
Сипас, ҷараёни парваришу ҷамъоварии пахта, ҷуворимакка, полизиҳо, меваю сабзавот ва кишти такрориро дар деҳоти Навобод, Ҳисор ва Дурбат назорат намуд.
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати вазирони кишоварзии СҲШ
30-юми июл дар шаҳри Кумини Ҷумҳурии Мардумии Чин машварати вазирони кишоварзии давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни машварат ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, мубориза бар зидди пайомадҳои тағйирёбии иқлим, гузариш ба роҳҳои инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ, рафъи монеаҳои содироту воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ва дастгирии доираҳои илмӣ ва бахши хусусиро баррасӣ намуданд.
Раванди татбиқи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ
Таҳти раёсати намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар назди мақомоти ойинномавӣ ва дигар сохторҳои ИДМ Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳод баргузор гашт.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки дар ҷаласа маърузаи намояндаи ҷумҳурӣ оид ба ҷараёни татбиқи Консепсияи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод дар нимсолаи аввали соли равон пешниҳод шуд. Дар он роҷеъ ба фаъолият дар таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳод дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ, амниятӣ ва экологӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Дурнамои густариши робитаҳо байни Тоҷикистон ва Белгия
30-юми июл сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Музаффар Ҳусейнзода бо собиқ Сарвазири Белгия, узви парламент ва шаҳрдори Бракелии Фландрия Александр Де Кро вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши робитаҳо байни Тоҷикистону Белгия дар арсаҳои мавриди манфиати тарафайн баррасӣ шуд. Ҷонибҳо, инчунин, рушди ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва СММ мавриди муҳокима қарор доданд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо коррупсия
30-юми июл вохӯрии роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо ҳайати Агентии муқовимат ба коррупсия ва департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гашт.
Тавре дар маркази матбуоти Агентӣ ба хабарнигори мо тавзеҳ доданд, дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар мулоқот муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон медиҳанд, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мубориза бо коррупсия, ҳамкории самаранок анҷом дода шавад.
Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои судманд дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионии фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои густариши равобит дар чаҳорчӯби санадҳои ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.
СОҲАИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Беларус густариш меёбанд
29-уми июл сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии мо дар Беларус Бахтовар Сафарзода бо вазири сохтмон ва меъмории ин кишвар Александр Студнев мулоқот кард.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар додааст, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сохтмонро баррасӣ намуда, ба татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди инфрасохтори муосир ва фароҳам овардани имконияти нав барои робитаҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона равона шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони СҲШ
Дар шаҳри Пекин бо ташаббуси котиботи СҲШ ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмон баргузор шуд.
Зимни ҷаласа роҳбарони ҳайати давлатҳои аъзои Созмон маъруза ва вобаста ба таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, густариши муколама ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон, оид ба масоили мубрами ҷавонон, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ ва нақши ҷавонон дар таъмини амнияту устувории кишварҳои минтақа сухан гуфта шуд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
Санаи нашр: 01.08.2025 №: 149
