САНГВОР. АЗ РУШДИ ИҶТИМОӢ ТО МАРҲАЛАИ НАВИ СОЗАНДАГИҲО
Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми ноҳия давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.
Дар доираи имконияти мавҷуда корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодаанд.
– Сокинони ноҳияи Сангвор фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти кишвар, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои қабулнамудаи соҳавию минтақавӣ равона менамоянд, – иброз дошт Маҳмадшоҳ Давлатзода, раиси ноҳияи Сангвор.
Маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2025 ба 93,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки аз ин 49,9 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 28,7 миллион сомонӣ ба соҳаи савдо, 5,7 миллион сомонӣ ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 9,2 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат рост омада, ин нишондиҳанда ба ҳар сари аҳолии ноҳия ба 3663 сомонӣ баробар гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024-ум 11 миллиону 600 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Қисми даромади буҷети ноҳия дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ба ҷои 9 миллиону 739 ҳазору 737 сомонии дар нақша пешбинишуда 7 миллиону 277 ҳазору 935 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 75 дарсади нақша баробар мебошад ва ин нисбат ба нақша 2 миллиону 461 ҳазору 802 сомонӣ кам аст.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 11 миллиону 139 ҳазору 737 сомониро ташкил намуд, ки иҷрои он 8 миллиону 440 ҳазору 985 сомониро ташкил медиҳад. Маблағҳои воридгардида нисбат ба нақша 2 миллиону 698 ҳазору 752 сомонӣ кам мебошанд. Қисми хароҷоти буҷет бо тағйироту иловаҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ба ҷои 24 миллиону 879 ҳазору 359 сомонии дар нақша пешбинишуда 20 миллиону 742 ҳазору 436 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 83,4 дарсади қисми хароҷоти буҷет баробар аст.
Дар шаш моҳаи аввали соли 2025 тариқи “Равзанаи ягона” дар ҳудуди ноҳия 760 субъекти соҳибкории инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 30-то зиёд мебошад.
Аз ҳисоби 657 соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома фаъолият дорад, ба буҷети ноҳия 831 ҳазору 14 сомонӣ ворид гардид, ки 103 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Сохтмон барои ноҳияи Сангвор соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии ноҳия мавқеи хосро ишғол менамояд. Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ андешида, дар ин бора қарори раиси ноҳия ба тасвиб расидааст. Тибқи қарори мазкур, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 49 иншоот ва иловатан бо амри раиси ноҳия 16 иншоот ба тасвиб расида, 15-тои дигар илова гардид ва дар маҷмуъ, то имрӯз 80 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Соли 2025 барои сохтмони асосии ноҳия дар буҷети маҳаллӣ 740 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Соҳаи асосӣ ва афзалиятнок кишоварзист ва зиёда аз 70 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият мекунад. Кишоварзони ноҳия тирамоҳи соли 2024 барои ҳосили соли 2025 дар майдони 260 гектар кишти зироатҳои ғалладонаӣ гузаронданд, ки 101 дарсади нақшаи кишти тирамоҳист. Тибқи дурнамо соли 2025 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 330 га ғалладонаӣ, 800 га картошка, 83 га сабзавот, 24 га зағир, 67 га лӯбиёӣ ва 10 га хӯроки чорво кишт шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 802 тонна гӯшт, 2035 тонна шир, 1 миллиону 963 ҳазор дона тухм ва хӯроки чорво 1808 тонна истеҳсол гардида, ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 мутаносибан 55 тонна гӯшт, 162 тонна шир ва 102 ҳазор дона тухм, 33 тонна хӯроки чорво зиёд мебошад.
Дар тавозуни идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 11 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, онҳо бо дарозии 46,2 км ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Маркази таъминоти бехатарии озуқавории ноҳия баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи байторӣ” як қатор чорабиниҳои зиддиэпизоотикӣ, табобатӣ, нозирӣ ва хизматрасонии байториро гузарондааст.
Дар ҳудуди ноҳия 39 ҳазору 963 сар чорвои калон, 99 ҳазору 578 сар чорвои хурд, 796 сар асп, 50 ҳазору 544 сар паранда ва 17 ҳазору 821 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад.
Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шашмоҳаи якуми соли 2025, 104 парвандаи заминсозӣ барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ тайёр кардааст. Дар давраи ҳисоботӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» 37 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ ва 19 иқтибосро омода карда, ба шаҳрвандон дастрас намудааст.
Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории он, олами набототу ҳайвонот дар минтақаҳои ҷангалпарварӣ ва роҳҳои автомобилгарди ноҳия нишонаҳои тарғиботӣ гузоштаанд. Масъулони соҳаи ҷангалпарвариро мебояд, ки барои зиёд намудани саршумори чорвои майда, аспҳо, оилаҳои занбӯри асал, тибқи меъёр ба роҳ мондани буриши дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ диққати ҳаматарафа зоҳир намуда, ҷиҳати барқарор намудани дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.08.2025 №: 149
