Баррасии лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030»
Дар шаҳри Душанбе бо ширкати ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсози шарикони рушд, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами роҷеъ ба муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ҳамоиш баргузор гашт.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ҷаласа ба иштироккунандагон лоиҳа муаррифӣ шуд. Дар он ҳадафу афзалияти рушди мамлакат, аз ҷумла рақамикунонӣ, рушди саноат ва зеҳни сунъӣ, рушди иқтисод дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот, рушди сармояи инсонӣ ва дигарҳо инъикос гардиданд.
«Таҳкими шарикии миллӣ ва байналмилалӣ дар мубориза бар зидди савдои одамон»
Таҳти ҳамин унвон рӯзҳои 30-юм ва 31-уми июл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бо савдои одамон дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) конфронси минтақавӣ баргузор гардид.
Ҳадафи конфронс таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди ҳамкориҳои мақомоти адлия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, табодули таҷрибаи пешқадам ва таҳияи тавсияҳои амалӣ ҷиҳати таҳкими вокуниш ба ҷиноятҳои марбут ба харидуфурӯши одамон мебошад.
Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон
1-уми август намояндаи доимии Намояндагии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷи бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ вохӯрд.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ҳамсуҳбатон фаъолияти БРСММ-ро мавриди баррасӣ қарор дода, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва чорабиниҳои дарпешистодаро матраҳ намуданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба қазияи Фаластин
30-юми июл намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳалли мусолиматомези қазияи Фаластин иштирок намуд.
Намояндаи доимӣ изҳор дошт, ки ягона роҳи таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои СММ оид ба ташкили давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 мебошад.
Дар ин бора ба мо аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.
Мулоқот бо cафири Британияи Кабир
1-уми август вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Кэтрин Смиттонро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳо байни Тоҷикистону Шоҳигарии Муттаҳида табодули афкор намуда, ҳавасмандиро барои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф баён намуданд.
Чунин омадааст, дар хабари интишорнамудаи маркази матбуоти Вазорат.
Таҷдиди НБО «Қайроққум» ба итмом мерасад
«Интизор меравад, ки моҳи сентябри соли 2025 таҷдид дар НБО «Қайроққум» ба итмом расад», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
1-уми август вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар вилояти Суғд бо корҳои таҷдид дар Неругоҳ шинос шуд. Масъулони соҳа ба вазир иттилоъ доданд, ки то ҳол 5 агрегати Неругоҳ таҷдид гардида, корҳои навсозӣ, тибқи нақша, дар агрегати охирин идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки, бо татбиқи лоиҳаи таҷдид, иқтидори истеҳсолии НБО «Қайроққум» аз 126 мВт ба 174 мВт хоҳад расид.
Санаи нашр: 04.08.2025 №: 150
