ЛАХШ. ДАР ҲАР ҚАДАМ НАВГОНИСТ

04 август 2025, Душанбе
39
Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Лахш якҷо бо роҳбарияти он иҷрои супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, пайваста ба дастоварду навгониҳои назаррас шарафёб мегарданд. Аз ҷумла, дар нимсолаи гузашта иҷрои нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 11 миллиону 962 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 567,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
КИШОВАРЗӢ
Истеҳсоли гӯшту шир афзуд
Тавре Каромиддин Холзода, раиси ноҳия иттилоъ дод, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 56,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 821 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи дурнамо, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти зироатҳои кишоварзиро дар майдони 6253 гектар пешбинӣ намудаанд, ки 3300 гектари он кишти картошка мебошад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 8059 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ сурат гирифт.
Пешрафти кори деҳқонон ба омодагии техникаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад. Дар ноҳия айни ҳол 229 трактор омодаи кор мебошад, ки онҳо барои вусъат бахшидан ба рафти киштукори саҳроӣ мусоидат намуда истодаанд.
Ҳамзамон, дар мавсими ниҳолшинонии соли ҷорӣ боғпарварони ноҳия 5 гектар боғи нав бунёд намуданд.
САНОАТУ ЭНЕРГЕТИКА
Талафи барқ 12 дарсад коҳиш ёфт
Коргоҳҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 5,4 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 67 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ ба 124,4 дарсад баробар мебошад.
Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 88,3 дарсадро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба нақшаи пешбинигардида аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо 531,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ нагардидааст. Талафоти неруи барқ 4,9 миллион киловатт ё 28,1 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад ва 2 миллион киловатт/соат кам мебошад.
СОЗАНДАГИҲО ДАР АВҶАНД
Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 410 ҳазор сомонӣ харҷ гардида, бо ҷалби нафарони хайрхоҳу соҳибкорон таъмири ҷории 10 километр роҳҳои ҳудуди шаҳраку деҳот ба маблағи 125 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуд.
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо, аз ҷумла сармояҳои дохилӣ ва мустақим ҷиҳати бунёди бинову иншооти дигар 17,3 миллион сомонӣ аз худ карда шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 15,6 миллион сомонӣ сурат гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллион сомонӣ бештар аст.
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. Дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳиягардида бунёд ва таъмиру таҷдиди 124 иншооти гуногун ҷараён дорад. Аз ин шумора то ҳол 68 иншоот ба истифода дода шуд, ки 55 дарсади нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад ва дар 56 иншооти дигар корҳои сохтмонию лоиҳакашӣ идома доранд. Сохтмони биноҳои қасри фарҳанг, шуъбаҳои маориф, амният, мақомоти адлия, маркази бехатарии озуқаворӣ, идораи шабакаҳои барқ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, ошхонаю бинои санитарию гигиенӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, инчунин, корҳои кашидани хатти оби нӯшоӣ дар маркази ноҳия ва дигар иншооти хизматрасонӣ бо маром идома доранд.
ПЕШРАФТИ МАОРИФ –
КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаи маорифи ноҳия 30 миллиону 47 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ равона гардид, ки ин маблағ барои рушду нумӯи соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Дар даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 320 хонанда, 64 омӯзгор ва 15 донишҷӯ иштирок намуда, 16 хонанда, 2 омӯзгор ва 1 донишҷӯ ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаҳои фанҳои таълимӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ноҳия як хонанда сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Мавриди зикр аст, ки шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар соли ҷорӣ 672 нафар буда, 25 нафар тибқи Квотаи президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва тариқи Маркази миллии тестӣ 396 нафар ҳуҷҷат супурдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 дарсад зиёд мебошад.
Мардуми ноҳия минбаъд низ саъй мекунанд, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷиҳати ободонии Меҳан ва расидан ба ҳадафҳои олии иқтисодию иҷтимоӣ, инчунин, истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ беш аз пеш заҳмат кашанд. Сокинони Лахш аз иқдоми роҳбарони кишварҳои дӯсти Тоҷикистону Қирғизистон барои бозкушоии гузаргоҳҳои давлатӣ бо самимияти хос сипосгузоранду дӯстию рафоқатро омили асосии хушбахтӣ мешуморанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.08.2025 №: 150