АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

04 август 2025, Душанбе
24


СУҒД
Сармоягузорӣ ва содирот афзуд
Дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои хоҷагии халқ дар шаш моҳи соли 2025 Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, иброз дошт, ки қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 107,5 дарсад ба иҷро расида, 2 миллиарду 156,4 миллион сомониро ташкил дод ва ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли пеш боз қадаме ба пеш аст.
- Маврид ба зикр мебошад, ки вилоят ҷиҳати сари вақт амалӣ кардани Барномаи саноатикунони босуръати кишвар тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардад, - таъкид кард Раҷаб Аҳмадзода. - Ҳамин аст, ки корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 18 миллиарду 51,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, иҷрои дурнаморо ба 132,8 фоиз расонданд. Имсол дар вилояти Суғд 84 корхона мавриди истифода қарор гирифт, ки онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири соҳаҳои саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ ва сохтмон машғуланд.
Аз Суғд ба хориҷи кишвар дар маҷмуъ, зиёда аз 200 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ирсол шуд. Ҳоло маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят ба 63 кишвари хориҷӣ фиристода мешавад. Содирот имсол афзоиш ёфта, 307,1 миллион доллари ИМА-ро ташкл дод.
Ҷовиди АШТӢ

АМИТ
Таъсиси 8 озмоишгоҳи нав ва нашрияи «Илм ва инноватсия»
Дар нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ 8 озмоишгоҳи нав таъсис дода шуд.
Аз ин се озмоишгоҳ дар Институти химияи ба номи В.И. Никитин, як озмоишгоҳ дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров, ду озмоишгоҳ дар Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков ва ду озмоишгоҳ дар Маркази омӯзиши пиряхҳо мебошад. Соли равон олимони Академия нуҳ патент, аз ҷумла ҳашт патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як патенти АвруОсиёро барои ихтироъ соҳиб шуданд. Ҳамчунин, чор қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва ду шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварданд.
Олимон таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома медиҳанд. Дар 13 шурои диссертатсионии АМИТ тайи шаш моҳ 28 рисола ҳимоя шуд.
Дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар АМИТ нашрияи расмӣ бо номи «Илм ва инноватсия» таъсис ёфт ва нахустшумораи он ба нашр расид.

Кароматулло АТО


АЗ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 238 МЕДАЛ БА ДАСТ ОМАД
Дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумита, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи аввали соли равон 289 варзишгари (45 бону) узви дастаи мунтахаби кишвар аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 72 мусобиқаи сатҳи байналмилалии варзишӣ иштирок намуда, ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал (67 тилло, 74 нуқра ва 97 биринҷӣ) ворид карданд. Нишондод назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 31 медал бештар мебошад.
Таъкид гардид, ки дар давраи мавриди назар 60 мусобиқаи варзишии касбӣ бо фарогирии 4314 варзишгар, аз ҷумла 419 зан баргузор гардид.
Дар маҷмуъ, аз тарафи Кумита, сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои тайёрии варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5312 чорабинии варзишии касбӣ бо фарогирии 168 643 нафар баргузор шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз лиҳози чорабинӣ 102 чорабинӣ ва аз лиҳози фарогирӣ 68 942 нафар зиёд аст.
Кумита дар самти таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва бо назардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ 22 лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ, 27 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва 5 Барномаи ҳамкорӣ, дар умум 54 санади ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ, инчунин, инкишофи варзишро тарҳрезӣ ва бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Кароматулло АТО


НОРАК
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзуд
- Дар 6 моҳи аввали соли равон қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 52,4 миллион сомонӣ ворид шуд, - иброз намуд раиси шаҳри Норак Иброҳим Мирзозода зимни нишасти хабарӣ.
Дар нимсолаи аввал дар шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 52 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 миллион сомонӣ ё 8,7 фоиз зиёд аст.
И. Мирзозода изҳор дошт, ки саноаткунонӣ дар шаҳри Норак нисбат ба солҳои пеш рушд намуда, дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои соҳа 1 миллиарду 116 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли пеш 227 миллиону 214 ҳазор сомонӣ бештар аст. Айни замон номгӯйи маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр ба 47 расидааст, ки нисбат ба 5 соли гузашта 21 номгӯй зиёд буда, тули ин муддат теъдоди корхонаҳои саноатӣ 2 баробар зиёд гаштааст.

Суннати СОДИҚ


710 санад нисбат ба қонуншиканӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал тартиб дода шуд
Ҳифз ва муҳофизати ҷангал вазифаи асосии кормандони соҳаи хоҷагии ҷангал ба ҳисоб рафта, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҷангал ҳолатҳои вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор ошкор гардида, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон 710 санад тартиб дода шуд.
Маблағи зарар 647,2 ҳазор сомониро ташкил дода, 412,3 ҳазор сомонӣ барқарор гашт.
Давлаталӣ Шарифзода, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангал, гуфт, ки қонуншиканон асосан ба буридани дарахтон, ба чарондани чорво, ба ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои ғизоию шифобахш ва шикор даст мезананд.
Дар ин давра, ҳамчунин, 514 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 186,4 ҳазор сомонӣ тартиб дода, аз гунаҳкорон 153,7 ҳазор сомонӣ ситонда шуд.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК

ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ
Иштироки соҳибкорон дар 16 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ
Палатаи савдо ва саноат дар 12 намоишгоҳи байналмилалие, ки дар 6 кишвари хориҷӣ баргузор шуд, молу маҳсулоти истеҳсоли ватаниро муаррифӣ намуд.
Ин матлабро Ҳайдар Раҷабов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Палатаи савдо ва саноат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои иштироки аъзояш ва соҳибкорони ватанӣ дар 16 намоишгоҳи дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати муаррифии молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат кард.
Дар ин давра Палата дар 15 давлати хориҷӣ 17 намояндагии худро фаъол кард. Палатаи марказӣ ва палатаҳои минтақавӣ бо мақсади густариш додани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва танзими ҳуқуқии ҳамкориҳои байнипалатавӣ 27 санади ҳамкорӣ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои хориҷӣ ва ширкату ташкилотҳои байналмилалӣ ба имзо расонданд.
Ҳамзамон, ба узвияти Палата корхонаю ташкилоти нав номнавис шуда, шумораи умумии аъзо 1162 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155 узв зиёд мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

ТОҶИКСУҒУРТА
Пардохти 2,4 миллион сомонӣ ба зарардидагон
Дар нимсолаи аввали соли равон КВД “Тоҷиксуғурта” ба 1519 шахси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба молу мулк ва ҳаёту саломатиаш зарар расидааст, дар ҳаҷми 2 миллиону 444,5 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд. Аз ин миқдор 31 ҳазор сомонӣ ба суғуртаи ҳатмӣ ва 2 миллиону 413,5 ҳазор сомонӣ ба суғуртаи ихтиёрӣ рост меояд.
Дар ин бора директори генералии ширкат Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки пардохти уҳдадориҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳо ба таври саривақтӣ анҷом ёфта, сатҳи эътимоди ҷомеа ба хизматрасониҳои суғуртавӣ тадриҷан афзоиш меёбад.
Ҳамчунин, дар доираи татбиқи супориши Протоколи ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми апрели соли 2025, №4, ки ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод марбут аст, ба 588 оилаи зарардида ба маблағи 1 миллиону 186,5 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонда шуд.

Руҳафзо МУРОДОВА

Сироҷиддин Ҷӯрахонзода: «Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ меафзояд»
Дар нимсолаи дуюми соли 2025 донишҷӯён ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар як қатор озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Дар ин бора ректор Сироҷиддин Ҷӯрахонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар Озмуни байналмилалии рассомони наврас таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо», ки ба ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бахшида шуд, 22 нафар донишҷӯйи Донишкада иштирок намуда, сазовори диплому ҷоизаҳо гардид.
Ҳамзамон, 73 нафар муҳассил дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» иштирок дорад, ки ҳунару истеъдоди ҷавонони эҷодкорро дар сатҳи миллӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Ректор таъкид кард, ки роҳбарият барои рушду такомули қобилияти эҷодии донишҷӯён, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри омӯзиш ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи санъати тасвириву тарроҳӣ пайваста талош меварзанд.

Руҳафзо МУРОДОВА

ДДФС ба номи Мирзо Турсунзода
Робитаҳои байналмилалӣ таҳким меёбанд
Дар нимсолаи аввали соли 2025 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо 60 донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, заминаи мусоиде барои густариши робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ муҳайё намуд.
Дар ин бора ректор Маҳмуд Назарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, таъкид кард, ки татбиқи босамари созишномаҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи касбии устодону донишҷӯён ва дар баробари ин, ба муаррифии шоистаи фарҳанг ва ҳунари миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, бо ҳадафи татбиқи бандҳои созишномаҳои байнимуассисавӣ, тақвияти робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, дар ин давра устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада ба хориҷа равона шуданд. Аз ҷумла, дар моҳи июл ҳайати омӯзгорон дар лоиҳаи Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскийи шаҳри Москва таҳти унвони «Мактаби театрии русӣ дар хориҷа», ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ширкат варзида, дониш ва таҷрибаи муосири театриро аз худ намуданд.

Руҳафзо МУРОДОВА

КОНСЕРВАТОРИЯ
Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши созҳои мусиқӣ роҳандозӣ мешаванд
- Тасмим гирифтем, ки дар ояндаи наздик барои нафарони завқи баланди мусиқидошта ва ё онҳое, ки мехоҳанд навозиши асбоберо балад бошанд, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ роҳандозӣ намоем, - иброз дошт Баҳодур Давлатзода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ афзуд, ки имрӯзҳо бисёре аз шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, ки барои тафреҳи худ ва фарзандонашон сурудхонӣ ва ё навозиши сози мусиқиеро ба онҳо омӯзем. Аз ин лиҳоз, зарур донистем, ки курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши созҳои мусиқиро ба роҳ монем.

Шодмон АБДУРАҲИМ

Санаи нашр: 04.08.2025 №: 150