РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Додоҷон Аслонов Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро соли 1964 ба итмом мерасонад. Солҳои 60-уми асри гузашта навбати сеюми обёрӣ намудани заминҳои водии Вахш идома дошт. Мутахассиси ҷавон фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси устои идораи сохтмону васлкунии мавзеи Гараутӣ оғоз менамояд. Баъдан, дар вазифаҳои муҳандис, роҳбари ташкилотҳои сохтмону васлкунӣ кор карда, дар азхудкунии заминҳои водии Вахш, сохтмони роҳу нуқтаҳои аҳолинишин саҳми босазо гузоштааст. Ин мавзуи дигар аст, аммо мақсади иншои матлаб нишон додани фаъолияти навоварӣ ва ихтироъкории ӯ мебошад.
Ӯ ҳанӯз соли 1966, ҳангоми сардори қитъаи заминкушоён дар мавзеи Гараутӣ будан, бо олимони шаҳри Москва экскаватори ротории бе ронандаро ихтироъ намуд. Он тавассути дастгоҳи нури лазерӣ идора шуда, дар тахту ҳамвор намудани замин ва кандани ҷӯю заҳкашҳо истифода гардида, вақти корӣ ва маблағро сарфа мекард.
Муаллифи ихтироъ Додоҷон Аслонов дар асоси гузарондани таҷрибаи тулонӣ ба хулоса омад, ки ба тартиби маъмулии обмонии зироатҳо, аз ҷумла пахта ва ҷуворимакка, тағйирот ворид намояд, зеро бо усули маъмулӣ оби полизӣ аз меъёр зиёд сарф шуда, боиси шустани қабати болоии хок, нуриҳои минералӣ мегардид ва ҷӯякҳои қисми поёнии замин беоб мемонд. Мувофиқи пешниҳоди ӯ қитъаи замин ба ду тақсим мешавад. Дар қисми болоии қитъаи замини пахта ҷӯякдармиён об монда, тавассути ҷӯяки иловагии миёни қитъа оби аз боло омада ба ҳар ҷӯяки қитъаи поён равон мегардад. Ба ин восита, тамоми қитъаи пахта пурра ва баробар бо об таъмин гашта, пеши роҳи обдиҳии аз меъёр зиёд, шустани қабати болоии хок, ки он, асосан, ҳосилдеҳ аст, гирифта мешавад. Истифодаи ин усул ҳосилнокии заминро то 30 фоиз баланд намуд. Соли 2009 озмуни “Сарфаи оби полизӣ” аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошкент баргузор гардид, ки лоиҳаи ӯ бо номи “Тарзи обёрӣ бо ҷӯякҳо бо тақсими меъёри об” ғолиб омада, соҳиби грант гашт.
Ихтирои дигари ӯ патенти хурди рақами 233 “Иншооти оббанди худидора” ном дорад. Моҳияти ин ихтироъ аз он иборат аст, ки бе истифодаи неруи барқ ва сӯзишворӣ бо дастгоҳи сохтаи ӯ аз шаршара об ба баландӣ бароварда мешавад. Аз оби захирагашта чарогоҳҳо ва заминҳои наздикӯҳӣ бо об таъмин мегарданд.
Корманди шоистаи Тоҷикис-тон Додоҷон Аслонов дорандаи 5 патенти ихтироъкорӣ мебошад. Доир ба ихтироот ва хулосаҳои илмиаш бо забони русӣ китоб таълиф намуд, ки онро Маркази миллии патентиву иттилоотии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи интернетии худ ҷой кард. Дар Олмон ин китоб баррасӣ ва бо 9 забони хориҷӣ барои омӯзишу таҳлил нашр гардид.
Мавсуф Аълочии ихтироъкорони ҷумҳурӣ, барандаи ҷоизаи озмуни “Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон”, дорандаи панҷ ифтихорнома дар соҳаи об, муаллифи нуҳ лоиҳаи инвеститсионӣ, бист кори илмӣ, чандин мақолаҳост.
Аъзам МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
