ҲИҶБОРАК ХУРРАМТАР АЗ ИМРӮЗ МЕШАВАД
Соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар деҳоти Ҳиҷборак – дурдасттарин деҳоти ноҳияи Рашт хеле пеш рафтаанд. Заминҳои васеи корам, боғҳои навбунёду серҳосили деҳот дили ҳар бинандаро мафтун мекунанд. Биноҳои наву замонавии дуошёна ба ҳусни ин диёр зебоии хос бахшидаанд.
Шуғли асосии сокинони ин маҳал кишоварзист. Масоҳати заминҳои умумиаш 8279 гектар буда, 545 гектари он киштшаванда мебошад. 206 хоҷагии деҳқонӣ дар ин ҷо ба соҳаи боғдорию чорводорӣ ва зироаткорию занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Соли ҷорӣ дар деҳот 1 гектар боғи нав бунёд гардид. Майдони боғот 72 гектарро ташкил медиҳад ва аз ҳар гектар беш аз 70-сентнерӣ мева ҷамъоварӣ мешавад.
Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ низ аз шуғли асосии сокинони деҳот мебошад. Саршумори чорво ва оилаи занбӯри асал сол ба сол меафзояд.
Корҳои ободонию созандагӣ дар асоси Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Рашт роҳандозӣ гардида, ба шарофати таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза гирифтаанд. Ҳоло дар деҳаи Зарангак сохтмони майдончаи варзишӣ, хатти оби нӯшоӣ, корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ, дарвозаи даромадгоҳи деҳот, нонвойхона, осиёби обӣ, ду мағоза идома дорад. Дар деҳаи Ярхаб маркази савдо, муассисаи таълимӣ, муассисаи томактабӣ, пули калон дар болои дарёи Сурхоб, дар деҳаи Ҳиҷборак бинои маъмурии Ҷамоати деҳот ва дар деҳаи Хулак синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуда истодаанд. Дар нақша аст, ки дар деҳаҳои Ҳиҷборак, Зарангак ва Яхакпаст муассисаи нави таълимӣ бунёд карда шавад. Инчунин, дар деҳаи Яхакпаст бунёди бунгоҳи тиббӣ ва дар маркази Ҷамоати деҳот сохтмони беморхонаи марказӣ дар назар аст.
– Мардуми деҳоти мо, воқеан ҳам, меҳнатқаринанд ва ба сиёсати давлату Ҳукумати кишвар содиқ мебошанд. Аз ин ҷост, ки сокинони деҳотамон ба тарбияи дурусти фарзандон диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, ба корҳои ободонию созандагӣ тамоми саъю талоши худро равона месозанд. Шукр, ки дар даврони созандагию бунёдкорӣ зиндагӣ дорем. Бовар аст, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагиамон дар фазои сулҳу ваҳдат боз ҳам беҳтару гуворотар мешаваду деҳотамон дар оянда аз ин ҳам хуррамтар, – гуфт Лочинбек Маҳмадов, раиси Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак.
Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 04.08.2025 №: 150