ВАССОФИ ВАҲДАТ. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ АДИБИ ХУШКАЛОМ УСМОН ОЛИМ

05 август 2025, Сешанбе
18


Аз рустои Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Усмон Олим, адиби хушқалами қариб 90-сола, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи фаъоли рӯзномаи “Ҷумҳурият” китоби калонҳаҷми худро таҳти унвони “Ваҳдатнома” фиристод, ки 659 саҳифаро фаро мегирад. Бояд гуфт, ки муаллиф, китоби мазкурро дар партави сиёсати ваҳдатоини Пешвои миллат эҷод ва чоп кардааст.
Хостем дар бораи муҳтавои китоб ба таври мухтасар иттилоъ диҳем. “Ваҳдатнома” ғазалҳо, шеърҳои лирикӣ, мухаммасот, қасидаҳо, рубоиёт, дубайтиҳо, таронаҳо, модарнома, қитъаҳо, дафтари Эрон, достону манзумаҳо, маснавиҳо ва ситоиши бузургону ҳамқаламонро фаро гирифта, бахши дигари он аз аксҳои нодир ва ҳуҷҷатҳои муҳими рӯзгори муаллиф иборат мебошад.
Мо боре шоирро дар бемористони ҳукуматӣ аёдат кардем ва он ҷо дидем, ки бо як ваҷоҳату завқи баланд аз Меҳану мардум мегӯяд, аз Президенти ҷумҳурӣ қисса мекунад. Бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотираҳову аксҳои зиёде дорад. Бавижа, қиссаи иштирокаш дар ифтитоҳи ағбаи “Шаҳристон”-ро нақл кардаву шеърхониашро назди Сарвари кишвар ба ёд меорад. Аҷиб он аст, ки дар 90-солагӣ ҳам ситоишгари ваҳдат боқӣ мондан, аз дӯстиву рафоқат гуфтан, ҷавононро ба зиндагии беҳтару хуштаре даъват кардан, “Роғун”-у ағбаҳои навсози миллатро сутудан, аз фазилатҳои пири нуронӣ Усмон Олим мебошад. Ростӣ, ҳастии ин пирони рӯзгор ғанимат аст ва соли гузашта аз чопи як шеъраш дар васфи модар дар Озмуни ҷумҳуриявии “Дуои модар” кӯдаквор шод шуда буд.
Дар ҳама лаҳзаҳо ӯ аз сиёсати имрӯзи мо пуштибонӣ мекунад ва соли 2009 аз аввалинҳо шуда, бо адибони вилояти Суғд Фарзона, Аъзам Сидқӣ, Атахон Сайфуллоев, Карим Абдулов, Дадоҷон Раҷабӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Мубинxон Юсуфов, Маъруф Бобоҷон, Аҳмадҷони Раҳматзод муроҷиатномаи вижа қабул карданд, то «ҳама якдилона ва бо сарбаландию ифтихор саҳмиядори НБО “Роғун” гардида, аз ин кори хайр дар канор набошанд. Ҳамовозию паҳлудории шумо – мардуми арҷманд ба ободии Тоҷикистони азиз заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт».

Дар зарби набзи “Роғун”
номусу ори тоҷик,
Чун Кӯҳкан кашонад бар дӯш
бори тоҷик.
Дар зери бор будан, беҳ
аз канор будан,
Пайғом аз ниёи фарҳоддори тоҷик!

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.08.2025 №: 151