СУҒД. РУШДИ СОҲАИ ВАРЗИШ ВА ТАҲКИМИ ИНФРАСОХТОРИ ВАРЗИШӢ
Тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тақвияти инфрасохтори соҳа аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо иқдому таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат сол ба сол рушд мекунад.
Дар вилояти Суғд низ ба тақвияти соҳаи варзиш ва таҳкими инфрасохтори варзишӣ, ба фароҳам овардани шароити муосири машқу тамрин таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар ин замина дар вилоят даҳҳо варзишгоҳ, мактабҳову майдончаҳои замонавии варзишӣ ва пойгоҳҳои тамринӣ фаъолият мекунанд, ки дар ташаккули тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбӣ нақши муҳим доранд. Мувофиқи маълумоти омории раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар вилоят 2990 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст.
Айни ҳол, дар вилоят мактаби маҳорати олии варзишӣ, мактаби варзишии вилоятӣ, 10 мактаби махсуси варзишӣ, мактаби махсуси захираҳои олимпӣ ва 29 мактаби варзишии ноҳиявӣ фаъолият доранд.
Бо мақсади оммавӣ гардондани варзиш ва истифодаи мақсадноки иншооти мавҷуда, дар нимсолаи аввали соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 335 мусобиқаи оммавию варзишӣ аз рӯйи намудҳои гуногун баргузор гардид.
Дар ин бора сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода чунин гуфт: “Дар маҷмуъ, аз ҷониби раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 3807 чорабинии гуногуни варзишӣ баргузор гардид, ки дар онҳо 181 ҳазору 762 нафар, аз ҷумла 61250 нафар бону, иштирок кард. Ин рақамҳо бозгӯи иштироки фаъолонаи мардум, бахусус ҷавонон, дар ҳаёти солими ҷомеа мебошанд”.
Боиси ифтихор аст, ки 185 варзишгари вилояти Суғд ба дастаи мунтахаби кишвар шомил гардида, дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, аз қабили гӯштии миллӣ, пойга, дави дӯстӣ, шоҳмот, футбол, шиноварӣ, теннис, варзиши сайёҳӣ ва волейбол, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуданд, ширкат варзида, сазовори 10 медали тилло, 18 медали нуқра ва 33 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин, 3150 варзишгар, аз ҷумла 350 бону, дар 90 машқи варзишии дастаҷамъӣ ва мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, бо дастовардҳои арзанда мақоми варзишии вилоятро дар сатҳи миллӣ ва берун аз он муаррифӣ намуд.
Ҳосили тамрини пайваста ва муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ буд, ки варзишгарони шаҳри Истиқлол дар 9 мусобиқа ва чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сазовори 53 ҷойи ифтихории якум ва дуюму сеюм гардиданд. Варзишгарони шаҳри Гулистон бошанд, дар нимсолаи аввали соли равон 508 медал ба даст оварданд. Дар ин шаҳр 136 иншооти варзишӣ фаъолият мекунад. Бино ба иттилои масъулон, дар шаҳри Бӯстон як мактаби варзишӣ аз рӯи 11 намуди варзиш амал мекунад, ки 382 нафар тарбиятгиранда дорад. Нимаи аввали соли равон варзишгарони шаҳри Бӯстон 406 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд. Варзишгарони ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 820 медал мушарраф гардиданд. Дар ин ноҳия 30 мураббӣ аз рӯи 11 намуди варзиш ба 556 варзишгар таълим медиҳад.
Рушди инфрасохтори варзиш ва густариши фаъолияти муассисаҳои махсуси соҳа, дар баробари баланд бардоштани савияи варзишии ҷавонон, инчунин, ба таҳкими дӯстиву бародарӣ, таҳаммулпазирӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа заминаи устувор мегузорад ва роҳи муҳимми тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ низ мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА, "Ҷумҳурият"
