ИБНИ СИНО. ИФТИХОРИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКОН
Оид ба шахсияти нотакрор ва донишу хиради нодири Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино садсолаҳост, ки менависанду андеша меронанд, вале ҷузъиётҳои зиёди ҳаёту фаъолияти ин абармарди таърихии тоҷикон то ҳол пурра кушода нашуда, ба гумони ғолиб, боз садҳо соли дигар барои муҳаққиқони таърихи афкори умумибашарӣ чун муаммо боқӣ хоҳад монд.
Сарнавишти Ибни Сино ғайриодӣ буд. Ӯро ҳанӯз ҳангоми дар ҳаёт будан, ҳамзамононаш ҳамчун табиб ва мутафаккири бузург эътироф карда буданд, ки ин мартаба на ба ҳар як олиму донишманд муяссар мегардад ва унвони фахрии «Шайх-ур-раис»-ро (мураббии олимон) низ ба Ибни Сино дар замони ҳаёташ додаанд. Воқеан, асарҳои фалсафӣ ва илмии Ибни Сино ҳам дар кишварҳои Шарқ ва ҳам мамолики Аврупо маъруф буданд.
Бино ба баъзе маълумотҳо, Ибни Сино муаллифи зиёда аз 450 асар оид ба тамоми бахшҳои дар он вақт маълуми донишҳои илмӣ ва фалсафӣ буд. Миёни осори Ибни Сино на танҳо рисолаҳои фундаменталии фалсафӣ, балки китобҳои астрономия, риёзиёт, назарияи мусиқӣ, назарияи геология, китобҳои забоншиносӣ ва ғайра низ ҳастанд.
Бо вуҷуди он ки Ибни Сино ҳамагӣ бист асари худро ба соҳаи тиб бахшидааст, маҳз онҳо, дурусттараш асари асосии ӯ «Қонуни тиб» ба ӯ унвони баланди «шоҳи табибон» ва шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд.
«Қонуни тиб»-ро метавон донишномаи бузурги анатомии асрҳои миёна номид. Дар китоби якум, ки ба назарияи тиб бахшида шудааст, дар бораи анатомия ва физиология, сабаб ва аломатҳои бемориҳо сухан рафта, ҳамчунин, таълимот дар бораи ба истилоҳ моеъҳо (хун, лимфа, сафро) ва намудҳои гуногуни сохти бадан, ғизо, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо, принсипҳои умумии табобат баён шудааст. Дар китоби дуюм маълумот дар бораи доруҳои одӣ оварда мешавад: тақрибан 800 дорувории одӣ, ки аз рустанӣ, ҳайвонот ва маъданҳо таҳия гаштааст, аз ҷониби Ибни Сино бо нишон додани хосиятҳои шифобахшӣ ва усулҳои истифодаи онҳо тавзеҳ меёбанд. Дар китоби сеюм бемориҳои тамоми узвҳои инсон таҳқиқ гардида, патология ва табобати мушаххасро фаро мегирад. Дар китоби чорум усулҳои табобат (аз ҷумла ҷарроҳӣ) барои бемориҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Китоби панҷум ба доруҳои мураккаб – заҳрҳо ва позаҳрҳо, бахшида шудааст, ки он дар асл фармакопеяро таҷассум месозад. Дар он усулҳои тайёр кардан ва истифода бурдани шаклҳои гуногуни доруҳои таркибашон мураккаб (онҳо метавонанд то 37 моддаро дар бар гиранд) муайян гаштаанд.
Ҳамчунин, бояд таъкид сохт, ки дар «Қонуни тиб» ибтидои илми педиатрия низ дарҷ гардидааст: масалан, Ибни Сино зарурати тарбияи ҳаматарафаи кӯдакро махсус зикр менамояд, то ки ӯ шахси меҳрубон, доно, бомаҳорат ва ҷисман солим ба воя расад.
Маҳз ба хотири олими энсиклопедист будани Абуалӣ ибни Сино, муаррихи фаронсавӣ Д. Ле Клерк ба таври рамзӣ, вале хеле дақиқ ӯро «муъҷизаи зеҳнӣ» номидааст. Ва дар ин ҷо шубҳае нест, зеро дар давраҳои тираву торики асрҳои миёна аз ҷиҳати гуногунии донишҳои фарогирифта ва маҳсули бузурги эҷодиаш, бахусус саҳми беназираш дар соҳаи тиб ҳеҷ яке аз олими Аврупоро наметавон бо Абуалӣ ибни Сино баробар кард.
Ҳамин аст, ки ба наздикӣ дар шаҳри Вена (Австрия) муҷассамаи чор донишманди бузурги тоҷик: Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар замони хеш ин чаҳор донишманд дар рушди илм саҳми шоиста гузоштаанд. Онҳо дар илмҳои гуногун инқилоб ба вуҷуд оварда, номи худ ва номи миллати худро дар таърихи инсоният ҷовидонӣ намудаанд.
Дар урфият омадааст, ки “..миллатро бо олиму шоираш мешиносанд” ва миллатҳо бо чунин намояндагонашон фахр мекунанд. Бо мероси ин чаҳор марди бузург на фақат тоҷикон, балки тамоми форсзабонони ҷаҳон фахр мекунанд.
С. С. МУРОДОВ,
и.в.мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи
тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон
