ҶАВҲАРИ МАФКУРАИ МИЛЛӢ

08 август 2025, Ҷумъа
26


Бахшида ба Ҷашни 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, чун як рӯйдоди сарнавиштсоз барои миллати тоҷик, бо муовини аввали Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам суҳбат анҷом додем.

– Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву иҷтимоӣ, нақши ваҳдати миллӣ дар пойдории давлат чӣ гуна арзёбӣ мешавад? Кадом ҳадафҳоро дар ин самт муҳим мешуморед?
– Мавриде, ки сухан аз ваҳдати миллӣ меравад, бо як ифтихори зиёд ва сарфарозӣ гуфта метавонам, ки дар таҳкими ваҳдат чун арзиши миллӣ ва умумибашарӣ нақши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хеле бузург аст. Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар тули мавҷудият ба пешрафт дар такомул, дар таодул, дар муаррифии Тоҷикистони азиз дар ҷаҳон ва дар ибтикороти наҷибу шоистаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки рисолати таърихии худро ба таври шоиста ва возеҳ анҷом бахшад. Кумитаи иҷроияи Ҳаракат ваҳдати миллиро чун як арзиш, як ҷавҳари ягонаи мафкураи миллӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунад. Танҳо ваҳдат аст, ки тамоми ниҳодҳои ҷамъиятиву ҳукуматӣ, ҳаракатҳоеро, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, гирди ҳам биёрад. Фақат ваҳдати миллӣ қудрат дорад, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро ба ҳам орад ва ташкилоте аст, ки имрӯз ин рисолатро бар дӯш дорад. Аъзои расмии ин ниҳод аз сарҳади севуним миллион нафар гузаштааст, ки ин боиси ифтихор, хушбахтӣ ва сарафрозии мост.

– Дар доираи фаъолияти хеш ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар мекунед. Назари мардум дар бораи ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу субот чӣ гуна аст?
– Мардум руҳияи бисёр баланд дорад. Шукр мекунанд, ки дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд. Мо бештар кӯшиш менамоем, фаҳмонем, ки аз зуҳуроти номатлубе, ки имрӯз дар ин раванди ҷаҳонишавӣ аз худ дарак медиҳанд ва ба дастовардҳои давраи истиқлол, аз ҷумла ваҳдати миллӣ, хатар эҷод мекунанд, дур бошанд. Терроризм, экстремизм, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, хушунат ва кибертерроризм, иттилооте, ки имрӯз хоинони миллат бар зидди арзишҳои миллии мо паҳн мекунанд, руҳияи мардумро барои зиндагии шоиста, ояндаи хуб шикастан мехоҳанд. Рисолати аввалини мо аст, ки дар ҷомеа маънавиятро побарҷо намоем, вақте ки дар ҷомеа маърифати волои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ баланд шавад, он миллат хушбахт ва пешрафта мешавад.

– Ба андешаи Шумо, кадом мушкилоти иҷтимоӣ метавонад ба ваҳдати миллӣ таҳдид кунанд ва чӣ гуна метавон ин хатарҳоро пешгирӣ кард?
– Дар ҷомеае, ки имрӯз мо зиндагӣ мекунем, дар баробари пешрафтҳо ҳастанд омилҳое, ки ба пешрафти миллату давлат, сулҳу ваҳдати миллӣ халал мерасонанд. Терроризм, экстремизм, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, хушунат, ифротгароӣ ва хуруфот амалҳои ношоиста, амалҳои хеле зиштанд, ки фақат ноумедӣ меоранд. Ин омилҳо метавонанд, чун як мубрамияти иҷтимоӣ ба ваҳдату истиқлоли мо халал эҷод кунанд, зеро дар давлате, ки терроризм, ифротгароӣ, хурофот, бесаводӣ, ҷаҳолат, таассуб ҷой доранд, он давлат ва он миллат, пеш аз ҳама, ваҳдати худро аз даст медиҳад, арзишҳои миллии худро аз даст медиҳад. Ба хотире, ки мо ба чунин рӯзҳо нарасем, бо ин зуҳурот муборизаи беамон мебарем, то пирӯзу саодатманд шавем.

– Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияи муосир тамоми паҳлуҳои зиндагии инсонро фаро гирифтаанд. Чӣ гуна метавон арзишҳои миллиро таблиғ кард ва паёми ваҳдатро ба мардум расонд?
– Тамоми нақшаҳое, ки Ҳакаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар оғози сол тасвиб кардааст, ба ҳамин масъалаҳо равона шудаанд. Рисолати ҳар намояндаи Ҳаракат аст, ки як рӯз дар Сангвор ҳастанд, як рӯз дар Мурғоб, як рӯз дар Кӯҳистони Мастчоҳ, як рӯз дар Суғд. Барои расондани паёми ваҳдат ба гӯши мардум. Вақте ки мо ба дурдасттарин ҷойҳо меравем, як муйсафеди 85-сола хурсанд мешавад, ки як зан, модари тоҷик аз марказ ба хотири халқ омадааст, халқи одӣ. Бовари мардум якум, ба Пешвои миллат, ба Ҳукумат, ба роҳбарият ва ба Ватан зиёд мешавад.
Номи халқ дар радифи номи Худо аст ва шахсан рисолати ман дар зиндагӣ ин аст, ки бояд хидматгузори халқ бошам. Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ниҳоди халқӣ аст ва роҳбараш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – роҳбари халқӣ ҳастанд.

– Ба ҷавонони кишвар чӣ паём доред?
– Ҷавонон неруи асосии ҷомеа ҳастанд. Фишанги ҳаракатдиҳандаи ҷомеа дар ҳама ҷабҳаҳо ҳастанд, ҳам дар сиёсат, ҳам дар иҷтимоиёт ва ҳам дар фарҳанг. Ҷавоне, ки дониш дорад, қудратманд ва бомаърифат буда, ҳамеша муваффақ аст. Ҷавоне, ки дониш надорад, бемаърифат аст, ахлоқ надорад, зеро ахлоқ дар заминаи илм ташаккул меёбад. Ӯ хушбахт намешавад, зеро ки хушбахтӣ ва саодат фақат дар илму хирад доштан аст.
Ваҳдати миллии мо пояи асосӣ ва боэътимоди Ҳукумати Тоҷикистон ва миллати тоҷик аст, ки метавонад боиси пешрафт, суботу иттиҳоди ҷомеа гардад. Танҳо ваҳдати миллӣ қудрат дорад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, дар ҳаводис ва чолишҳое, ки бар зидди фарҳанги мо, бар зидди арзишҳои муқаддаси миллии мо равона гардидаанд, сипар бошад.

Шаҳзода ДИЛШОДЗОДА, журналист

Санаи нашр: 06.08.2025 №: 152