ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ ВА БАТР. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

БМТ ВА БАТР. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

01 май 2023, Душанбе
21
0


26 апрели соли 2023 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) таҳти роҳбарии ноиби президенти БАТР оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ ҷаноби Марк Боуман мулоқот намуд ва дар он идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманди низоми бонкии кишвар  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ мудири иҷроияи БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай, сардори бахши молияи марбут ба ноиби президенти БАТР хонум Инна Яббарова ва бонкдори департаменти БАТР оид ба кор бо ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Юсупов ширкат варзиданд. 
Ҳоким Холиқзода ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, бахусус пешниҳоди дастгириҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори сипос намуд.
Ноиби президенти БАТР ҷаноби Марк Боуман аз ҳамкориҳои судманди тарафҳо қаноатманд будани худро баён дошт ва сарфи назар аз идома ёфтани вазъи ноороми геосиёсии ҷаҳон, ҷорӣ гардидани таҳримҳои иқтисодӣ нисбат ба баъзе давлатҳои шарики савдо нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми бонкиро мусбат арзёбӣ намуд.
– Мо ба дастгирӣ ва кумаки шарикони рушд дар роҳандозии муколама миёни ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ва бонкҳои Аврупо дар самти тавсеаи рушди ҳамкориҳои муросилотӣ бо бонкҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупоро муҳим мешуморем. Ҳамчунин, аз мусоидати  БАТР ҷиҳати пешниҳоди тавсияҳо дар ин самт шод хоҳем шуд, – гуфт Ҳоким Холиқзода.
Ҷаноби Марк Боуман ҳавасмандаии БАТР-ро ҷиҳати иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар барномаҳои иқтисоди сабз дар доираи шабакаҳои бонкҳои марказӣ ва нозирон оид ба сабзгардонии низоми молиявӣ (NGFS) изҳор намуд .
Солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон ислоҳоти рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои молиявии рақамиро фаъолона амалӣ менамояд. Дар робита ба ин, бо дарназардошти равобити муқарраршудаи БАТР ва Корея роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мусоидати БАТР-ро дар татбиқи лоиҳаҳои банақшагирифташудаи БМТ бо низоми миллии пардохти Корея KFTC дархост намуд.
Зикр шуд, ки БАТР минбаъд низ, дастгирии худро барои татбиқи ислоҳоти фарогир ҷиҳати тавсеаи рушди низоми бонкӣ, ки аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Бонки миллии Тоҷикистон ба шумор меравад, идома хоҳад дод. 
Ҷонибҳо ба муҳимияти ҷалби кумакҳои техникии БАТР барои таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла муайяннамоӣ, идоракунӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои молиявӣ, гузарондани стресс–тестҳои фаъолияти бонкҳо ва низоми назорати бонкӣ дар доираи стандартҳои Базел, сиёсати пулию қарзӣ ва татбиқи воситаҳои пулию қарзӣ, рушди бозори молиявӣ, инкишофи бахши молиявӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, таҳкими низоми комплаенс, баланд бардоштани иқтидори назорати суғурта дар бахши омори молиявӣ ва таҳлили бозори суғурта, таҳияву татбиқи низоми муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ дар Бонки миллии Тоҷикистонро таъкид намуданд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.05.2023 №: 90
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив